Фавти як кӯдак ва заҳролудшавии 6 нафар аз консерва дар Исфара

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкБозори маҳсулоти хӯрокворӣ дар Челябинск. Акс аз бойгонӣ
Бозори маҳсулоти хӯрокворӣ дар Челябинск. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сомона менависад, тақрибан соати 18:00 26 январ оилаи Сатторовҳо, сокинони ҷамоати деҳоти Шаҳраки Исфара, ҳангоми хӯроки шом маҳсулоти консервакардашудаи худсозро истеъмол намудаанд.

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Як аъзои 7 солаи хонаводаи Сатторовҳо, истиқоматкунандагони ноҳияи Исфара, дар пайи истеъмоли консерваи худсози хонагӣ фавтида, 6 нафари дигар заҳролуд шудааст, хабар медиҳад сомонаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Сомона менависад, тақрибан соати 18:00 26 январ оилаи Сатторовҳо, сокинони ҷамоати деҳоти Шаҳраки Исфара, ҳангоми хӯроки шом маҳсулоти консервакардашудаи худсозро истеъмол намудаанд.

"Дар натиҷа, шаш нафар аъзои оилаи мазкур заҳролуд шуда, дар беморхона бистарӣ мегарданд. Хурдсол Муборак Саттороваи 7-сола дар беморхона ба ҳалокат расидааст", — омадааст дар сомона.

Мақомоти пулиси Тоҷикистон бо зикри ин қазия, ки нахустин нест, таъкид мекунанд, бархе соҳибхоназанҳо зимни омода намудани консерваҳои худсоз, талаботи санитарию гигиениро риоя намекунанд, ки ин боиси фалокат мешавад. Ин ниҳод аз мардуми кившар даъват намудааст, ки ҳангоми омода намудан ва истеъмоли консерваҳои худсоз боэҳтиёт бошанду ҳаёту саломатии худро эмин нигоҳ доранд.

Ин дар ҳолест, ки зимни таҷлили Наврӯз дар шимоли Тоҷикистон соли гузашта низ як гуруҳ сокинон дар пайи истеъмоли консерваи худсохт заҳролуд шуда буданд. Инчунин тирамоҳи соли 2012 низ баъди истеъмоли консерви помидору бодиринг дар Зафаробод як нафар фавтида, 26 каси дигар дар ҳолати вазнин ва миёна бистарӣ шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0