Гурӯҳи “Марг” ба “Давлати исломӣ” ва “Толибон” ҷанг эълом кард

© Flickr \ Freedom HouseМусалсали "Калашников"
Мусалсали Калашников - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин гурӯҳ бо ин ном дар шимоли Афғонистон арзи ҳастӣ кард.Гурӯҳи тозатаъсис муборизаи низомӣ бо толибон ва “Давлати Исломӣ”-ро ҳадафи аслии худ унвон кардааст.

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Гурӯҳи ҷадиди низомии мавсум ба "Марг", ки дар вилояти шимолии Балхи Афғонистон таъсис шудааст, омодагии худро барои мубориза бо тундгароёни "Толибон" ва "Давлати исломӣ" эълом кардааст, хабар медиҳад Khama Press.

Ба навиштаи ин манбаъ, даҳҳо нафар узви ин гурӯҳ дар либоси мутобиқ ба рангҳои парчами Афғонистон ахиран ба хиёбони марказии Мазори Шариф, маркази вилояти Балх баромада хабар доданд, ки беш аз 5 ҳазор нафар ба садоқати худ ба ин гурӯҳ ва омодагиашон барои мубориза бо ҷангҷӯёни "Толибон" ва "Давлати исломӣ" омодаанд.

Гурӯҳи "Марг" парчами худро надорад, ки маъмулан хоси гурӯҳҳои тозатаъсис аст ва ба навиштаи Khama Press, танҳо вижагии ин созмони тозатаъсис аз гурӯҳҳои дигар дар Афғонистон ранги либоси аъзои он аст.

"Гурӯҳи "Марг" мӯътақид аст, ки миёни "Давлати исломӣ" ва "Толибон", ки ҳар ду душмани Афғонистон ҳастанд, ҳеч фарқе нест ва ба ин далел аъзои он аз афғонҳо даъват карданд, ки барои дифоъ аз кишвар ва миллати худ ба онҳо бипайванданд.

Гурӯҳи тозатаъсис аз вуҷуди худ баъд аз он эълом карданд, ки дар бораи фаъол шудани "Давлати исломӣ" дар вилоёти Ҳилманд ва Ғазнӣ хабарҳо пахш шуданд.

Лентаи хабарҳо
0