Қарзҳои ширкати “Барқи тоҷик” аз 5 миллиард сомонӣ бештар шуд

© Sputnik / Амир ИсаевРаиси ширкати "Барқи тоҷик" Рустам Раҳматзода
Раиси ширкати Барқи тоҷик Рустам Раҳматзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати "Барқи тоҷик" аз “Ориёнбонк” барои бозсозии нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон қарз гирифта, дар назди он қарздор мебошад, вале аз ин ҳам бештар “Барқи тоҷик” барои қарзҳои гирифта аз вазорати молия бидеҳкор мебошад.

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Қарзҳои ширкати "Барқи тоҷик" дар охири соли 2014 ба 5,4 миллиард сомонӣ ё ҳудуди $1 миллиард расидааст, гуфт имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси ширкати "Барқи тоҷик" Рустам Раҳматзода.

Мизони бештари қарзҳои ширкати "Барқи тоҷик" аз вазорати молия — 3,9 миллиард сомонӣ аст, ки бо шарти ҳимояти ҳукумати Тоҷикистон гирифта шудаанд.

Гузашта аз ин, мизони бидеҳиҳои ширкати энержӣ аз "Ориёнбонк" ба 706 миллион сомонӣ, аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" 439,5 миллион сомонӣ, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" 190,2 миллион сомонӣ расидааст.

Ҳамчунин бидеҳиҳо аз хариди ангиштсанг ба миқдори 41,1 миллион сомонӣ ва аз харидории мазут — 148,1 миллион сомонӣ ташкил шудааст.
"Қарзҳо аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" тибқи реҷа — ҳар моҳ 15 миллионӣ ва аз Сангтӯда 2 панҷмиллионӣ пардохта мешаванд. Қарзҳо аз "Ориёнбонк" дар тӯли солҳои қаблӣ барои аз ҳисоби қарзҳо барои харидории таҷҳизот ба нерӯгоҳи Норак ва таъсисоти дигари энержӣ ҷамъ шудаанд", — тавзеъ дод Раҳматзода.

Дар соли гузашта барои пардохти бидеҳиҳо ба нерӯгоҳҳои Сангтӯда 1 ва 2 мутаносибан 210 миллион сомонӣ ва 66 миллион сомонӣ пардохт шудааст.

"Барқи тоҷик" ва ТАЛКО аз ҳамдигар қарздоранд

Раҳматзода зимни шарҳи қарзҳо ҳамчунин гуфт, ки ширкат аз "Ширкати алюминии Тоҷикистон" (ТАЛКО) ҳудуди 300 миллион бидеҳкор аст.
Миёни "Барқи тоҷик" ва ТАЛКО тавофуқоте ҳаст, ки бар асоси он бидеҳиҳо аз тариқи ҳампардохт — интиқоли нерӯи барқ бар ивази мазут бозпас дода мешаванд.

Дар соли 2014, ба гуфтаи раиси ширкат, ТАЛКО мизони истифода аз нерӯи барқро ба 1,4 миллиард киловат соат коҳиш дод, ки ин амр ба қоҳиши тавлиди алюминий дар корхона рабт дошт.

Ҳамзамон ТАЛКО низ аз ширкати "Барқи тоҷик" бидеҳкор аст. Феълан, ин корхона аз ширкати энержӣ 376,7 миллион сомонӣ қарздор мебошад.

Аз ширкати энержӣ ҳамчунин Ожонсии обёрӣ ва хоҷагии об — 25,7 миллион сомонӣ, хоҷагиҳои фермерӣ — 59,1 миллион сомонӣ, корхонаҳои будҷаӣ — 20,2 миллион сомонӣ, корхонаи "Обу корез" — 18,2 миллион сомонӣ қарздор ҳастанд.

Қарзҳои сокинон 356,4 миллион сомонӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0