Намояндаи ФФТ комиссари сабқати “Лигаи қаҳрамонҳо” таъин шуд

Намояндаи Федератсияи футболи Тоҷикистон комиссари бозии “Ал-аҳлӣ” ва ғолиби ҷуфти “Ал-қадсия” ва “Ал- Ваҳдат” таъин гардид.

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Сардори шӯъбаи равобити байналмилалии ФФТ Давлатманд Исломов комиссари бозӣ дар сабқати қаҳрамонҳои футбол "ҶФО-2015" таъин шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Исломов комиссарии бозии "Ал-аҳлӣ" (Арабистони Саудӣ) ва ғолиби ҷуфти "Ал-қадсия" (Арабистони Саудӣ)ва "Ал- Ваҳдат" (Кувайт)-ро ба зимма гирифтааст, хабар медиҳад оҷонсии иттилоотӣ.

Ин бозӣ, ки қарор аст 17-уми феврал дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шавад, аз ҷониби доварони баҳрайнӣ таҳти сарварии Навоф Абдулло Шукрулло, ки бозии ниҳоии чемпионати ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразилияро ҳакамӣ кард, баҳогузорӣ мешавад. Ҳамватанони Шукрулло- Ёсир Халил Иброҳим Абдулло Тулефат ва Иброҳим Муборак Сабт Мусо Солеҳ ёрдамчиёни довар таъин гардидаанд.

Довари эҳтиётии ин сабқат Абдулазиз Юсуф Аҳмад Абдулло буда, нозири сабқат Алӣ Муҳаммад Буҷсаим аз Арабистони Саудӣ таъин шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала