ИА таҳримот алайҳи Русия ва ҷудоихоҳон дар Донбассро тамдид кард

© Sputnik / Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкПарчами Русия ва ИА
Парчами Русия ва ИА - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сухан дар бораи таҳримоте меравад, ки то 17 март роҳандозӣ шуда тамдиди он бояд дар моҳи март баррасӣ мешуд. Иҷрои таҳримҳои ҷудогона то сентябри соли 2015 тамдид шуд.

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои Иттиҳодия Аврупо тасмими сиёсӣ мабнӣ ба тамдиди замони таҳримот алайҳи Русия ва ҷудоихоҳонро то сентябри соли 2015 қабул кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба манбаъи наздик ба раҳбарияти ИА.

"Таҳримоти феълӣ тамдид мешаванд. Ин тасмими сиёсӣ аст ва таҳримот то моҳи сентябр тамдид мешаванд", — гуфт манбаъ.

Сухан дар бораи таҳримоте меравад, ки то 17 март иҷро мешуданд ва тасмими тамдид ё лағви онҳо бояд дар моҳи март баррасӣ мешуд.
Речь идет о санкциях, действовавших до 17 марта, решение по которым ранее ожидалось в марте.

Чӣ тавр Аврупо ва ИМА алайҳи сиёсатмадорон ва тоҷирони рус таҳримот роҳандозӣ карданд.

Кишварҳои ғарбӣ аз моҳи марти соли 2014 чанд даъфа алайҳи бархе аз сиёсатмадорон, тоҷирон ва ширкатҳои русӣ дар робита ба мавзеъи Русия дар масоили Украина таҳримот роҳандозӣ карданд. Даъфаи охирини истифода аз ин наҳва маҳдудиятҳои моҳи декабр буд, ки он замон раиси ҷумҳури ИМА дар бораи муҳосираи иқтисодии Қрим эълом кард ва ба феҳрасти таҳримот бархе аз шахсиятҳои саршиноси Қрим ва ҷануби Украина шомил шуданд.

Лентаи хабарҳо
0