Номаи вакилони Зайд Саидов ба СММ

© Flickr / Steve CadmanБинои СММ. Акс аз бойгонӣ
Бинои СММ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов ба ин сомона гуфтааст, муроҷиати онҳо дар охири моҳи декабри соли гузашта ирсол шуда, аз 265 саҳифа иборат буд. Вале ӯ афзудааст, то ҳанӯз посухе дарёфт накардаанд.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Вакилони мудофеи Зайд Саидов — соҳибкор ва раҳбари зиндонии "Тоҷикистони нав" ба Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал барои расидагӣ ба қазияи нафари таҳти ҳимояташон муроҷиат кардаанд, менависад сомонаи Радиои "Озодӣ".

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов ба ин сомона гуфтааст, муроҷиати онҳо дар охири моҳи декабри соли гузашта ирсол шуда, аз 265 саҳифа иборат буд. Вале ӯ афзудааст, то ҳанӯз посухе дарёфт накардаанд.

Иттиҳоми нав: Зайд Саидов ба буҷа $10 миллион зарар расонидааст

Ба қавли Исҳоқ Табаров, дар ин муроҷиатнома баҳсҳои додгоҳӣ ва парвандаҳое, ки нисбат ба Зайд Саидов аз тарафи Оҷонсии зидди фасоди молӣ боз шудаанд, банд ба банд таҳлил ва аз нигоҳи қонунҳои ҷории Тоҷикистон ва байналмилалӣ шарҳ дода шудаанд.

Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва аз муассисони Ҳизби сабтиномнашудаи Тоҷикистони нав, 25 декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Вакилони ӯ дар муроҷиаташон ба дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал изҳор доштаанд, ки ин ҳукми додгоҳ асос надорад ва танҳо бо ҳадафҳои сиёсӣ эълон шудааст. Аммо ин иддаоро мақомоти Тоҷикистон қабул надоранд.

Саидов 19 майи соли 2013 ҳангоми баргаштан аз Фаронса дар Фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Ин нафар дар моҳи апрели ҳамон сол эълон кард, ки мехоҳад ҳизби ҷадидеро бо номи Тоҷикистони нав сабти ном кунад.

Дархости рӯбарӯкунии Зайд Саид бо Убайдуллоев рад шуд

Вале баъдтар парвандаҳои ҷиноӣ яке паси дигар нисбати Саидов боз шуданд. Бори аввал бо иттиҳоми бисёрзанӣ, бори дувум бо иттиҳоми таҷовуз ва рӯи ҳам рафта қаллобиву саркашӣ аз суоридани андозҳо.

Дар нишасти хабарие, ки ахиран Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон баргузор кард, муовини раиси ин оҷонсӣ, Миллопар Бандишоев гуфт, парвандаи Зайд Саидов аз рӯи 35 ҳолати дигари ҷинояти иқтисодӣ ба Додгоҳи Олӣ ирсол шудааст.

Лентаи хабарҳо
0