Нишонҳои биринҷии дзюдочиёни тоҷик дар ҳайати тими хориҷӣ

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдо байни наврасону навҷавонони кишварҳои арабӣ дар ҳайати кишвари дигар дар Маккаи Арабистони Саудӣ ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдо байни наврасону навҷавонони кишварҳои арабӣ, ки дар шаҳри Маккаи Мукаррама (Арабистони Саудӣ) баргузор шуд, соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд, менависад сомонаи КМО-и ҶТ.

Масъулини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯянд, дар ин мусобиқа се паҳлавони ҷавони тоҷик - Ёсин Неъматов (66 кг), Раҳмихудо Шарифов (81 кг) ва Хуршед Маҷидов (90 кг) дар ҳайати дастаи Имороти Муттаҳидаи Араб ширкат карданд. Ёсин Неъматов ва Хуршед Маҷидов, ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. 

Ҳамзамон, ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, инчунин паҳлавони дигари тоҷик Маҳмадрасул Сайидумаров дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Беларус, ки дар шаҳри Могилёв баргузор шуд, дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кг барои ҷойи севвум бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Лентаи хабарҳо
0