Палатаи ҳисоб 38 млн сомониро ба нафъи давлат барқарор кардааст

© Sputnik Амир ИсаевБинои Палатаи ҳисоби ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои Палатаи ҳисоби ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маблағи барқароршуда ҳамагӣ 55 фоизи зарарро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ ба буҷети давлатӣ 24,8 млн. сомонӣ ва ба корхонаҳои давлатӣ 13,9 млн. сомонӣ баргардонида шудааст.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар соли гузашта дар ҷараёни санҷишҳои аудитии ниҳодҳои давлатӣ бештар аз 38 млн. сомониро ба манфиати давлат барқарор кардааст, хабар медиҳад АМИТ Ховар.

"Дар вазорату идораҳо, бонкҳои давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 314 санҷиши аудиторӣ анҷом ва 69,9 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст", — гуфтааст 30 январ зимни нишасти матбуотӣ раиси Палатаи ҳисоби ҶТ Давлатзода Дилмурод Ашурбек.

Маблағи барқароршуда ҳамагӣ 55 фоизи зарарро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ ба буҷети давлатӣ 24,8 млн. сомонӣ ва ба корхонаҳои давлатӣ 13,9 млн. сомонӣ баргардонида шудааст.

Ғайр аз ин, кормандони Палатаи ҳисоб наздики 543 ҳазор сомонӣ маблағи бақияпулиҳои андозро ошкор кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала