Ҳалокати панҷ нафар дар садамаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

© Sputnik / Амир ИсаевТамба дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Тамба дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин фоҷиъа шоми 30-уми январ дар қаламрави ноҳияи Шаҳристони ивлояти Суғд, дар шимоли кишвар рух додааст. Як мошини боркаш бо мошини сабукрав бархурд кардааст, ки ронанда ва мусофирони вай кушта шудаанд.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар пайи як сониҳаи нақлиётии шаби 30-уми январ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ 5 нафар ба ҳолкат расиданд, хабар медиҳад вазорати корҳоди дохилии Тоҷикистон.

Тахмин, соати 23-и шаб ронандаи боркаши "Хингчианг", сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров- Аҳмадхон Олимов аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада бо мошини тамғаи "Хонда CR-V" таҳти идораи Азим Холов, сокини шаҳри Душанбе бармехӯрад.

Дар натиҷаи садама, ронандаи мошини сабукрав ва чаҳор нафар мусофираш дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд.

Лентаи хабарҳо
0