Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба 12-умин президенти Италия

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфта мешавад, ки Тоҷикистон барои густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз ҷумла бо Италия ҳавасманд аст.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома Серҷо Маттарелларо ба муносибати ба курсии президенти Италия интихоб шуданаш табрик кард, менависад сомонаи расмии раисҷумҳур.

"Сарфарозам Шуморо ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Италия интихоб шуданатон бо беҳтарин шодбошҳо ва самимонатарин таманниёт табрик гуфта, ба Шумо муваффақияту комёбӣ орзу намоям", — омадааст дар номаи президент, ки 2 феврал ирсол шуд.

Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфта мешавад, ки Тоҷикистон барои густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз ҷумла бо Италия ҳавасманд аст.

"Мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон итминони комил дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона саъйю талош варзем", — гуфтааст президент.

Серҷо Маттареллаи 73-сола рӯзи шанбеи 31 январ ба ҳайси 12-умин президенти Италия интихоб шуд. Президенти тозаинтихоб қарор аст имрӯз, 3 феврали 2015 савганд ёд кунад, менависад РИА Новости.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала