Даъвати “Россия сегодня” барои ширкат дар озмуни ба номи Стенин

© Sputnik / Василий Максимов / Гузаштан ба хазинаи аксХабарнигор-аккоси ОИБ "Россия сегодня" Андрей Стенин. Акс аз бойгонӣ
Хабарнигор-аккоси ОИБ Россия сегодня Андрей Стенин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳадафи озмуни мазкур, ки ба номи Андрей Стенин, хабарнигори аккоси ОИБ “Россия сегодня”, ки аснои иҷрои рисолати касбӣ дар моҳи августи соли 2014 дар Украина ба ҳалокат расида буд, дастгирии аккосони ҷавон ва кӯмак ба онҳо маҳсуб мешавад.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik.Суратгирони ҷавони аз 18 то 34-сола барои ширкат дар озмуни байналмилалии аккосӣ ба номи Андрей Стенин, ки таҳти ҳимояти молии ОИБ "Россия сегодня" ва Комиссиюни ЮНЕСКО баргузор мегардад,  даъват мешаванд.

Ҳадафи озмуни мазкур, ки ба номи Андрей Стенин, хабарнигори аккоси ОИБ "Россия сегодня", ки аснои иҷрои рисолати касбӣ дар моҳи августи соли 2014 дар Украина ба ҳалокат расида буд, дастгирии аккосони ҷавон ва кӯмак ба онҳо маҳсуб мешавад.

Беҳтарин аксҳои ОИБ "Россия сегодня" дар соли 2014

Озмун ба номи Андрей Стенин, ки дар Оҷонси иттилоотии байналмилаии "Россия сегодня" ба ҳайси хабарнигор-акксо кор мекард ва аснои иҷрои рисолати касбиаш дар Украина ба ҳалокат расид, номгузорӣ шудааст. Журналисти 33-сола моҳи август дар шарқи Украина ҷон дод.

Қабули санад ва аксҳои муддаиён тариқи сомонаи www.stenincontest.ru аз 2 феврал то 15-уми апрел имконпазир аст. Аъзоён ва ҳайати доварони озмун ашхосе ҳирфаӣ,  амсоли Олга Свиблова, сарвари "Мултимедиа Арт Музей",  Юрий Козирев, узви ҳайати ҳакамони озмуни байналмилалии "World Press Photo", роҳбарони бахши аккосии оҷонсиҳои иттилоотии  Reuters ва The Associated Press  Григорий Дукор ва Дени Пакен мебошанд. Натиҷаи озмун дар моҳи июн ҷамъбаст гардида, барандагони ҷоиза рӯзи 3-юми июн дар Маскав эълон хоҳанд шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала