Дар Тоҷикистон ширкати рушди тиҷорат дар кишоварзӣ таъсис шуд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкЧарогоҳ дар минтақаи Роғун. Акс аз бойгонӣ
Чарогоҳ дар минтақаи Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадафи аслии таъсиси ширкати нав истифодаи муассир ва судманд аз маболиғи ҷалбкардаи ҳукумат барои иҷрои он ва ҳамчунин ҳамоҳанг ва таъмини шароити фаъъолияти мушовирон ва коршиносон унвон мешавад.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ширкати "Рушди тиҷорат дар кишоварзӣ"-ро таъсис додааст, ки барои тақвияти бахши хусусӣ дар рустоҳо равона шудааст, омадааст дар қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2015.

Ширкати давлатии "Рушди тиҷорат дар кишоварзӣ" дар чорчӯби иҷрои тарҳи "Тиҷоратсозӣ дар бахши кишоварзӣ", ки иҷрои он 30 июли соли 2014 бо пуштибонии молии Бонки ҷаҳонӣ оғоз шуда буд, таъсис шудааст.

Яке аз аҳдофи аслии ширкати тозатаъсис таъмини истифодаи муассир ва судманди маболиғе, ки ҳукумати кишвар барои иҷрои ин тарҳ ҷалб мекунад ва таъмини шароити кори мушовирон ва коршиносон барои омодасозӣ ва иҷрои ин тарҳ унвон мешавад.

Созишномаи сармоягузории билоиваз (бебозгаш)- и тарҳи "Тиҷоратсозии арсаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон" аз сӯйи Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони байналмиллалии молӣ (IFC) аз ҳисоби маблағи $22 миллионии кӯмаки билоъивази Созмони байналмиллалии рушд (СБР) роҳандозӣ мешавад.

Ин тарҳ бар пояи ислоҳоти қаблӣ, ки ба тақвияти ҳуқуқи моликият ба замин, таҷдиди сохтори хоҷагиҳои фермерӣ ва озодии онҳо дар интихоби зироъат асос ёфтааст. Иҷрои ин тарҳ имконоти фермерҳо ва тоҷирон дар афзоиши тавлидот ва дастрасии онҳо ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш медиҳад, хабар медиҳад сойти Бонки ҷаҳонӣ.

Саҳми арсаи кишоварзӣ дар тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон 23% аст ва ин бахш 48% сокинонро бо ҷойи кор таъмин мекунад ва ба ин тартиб дар рушди иқтисодии кишвар ва коҳиши мизони фақр нақши умда дорад. Интизор меравад, ки тавассути иқдомоти ҳамоҳанг, аз ҷумла дастрасӣ ба қарзҳо, кӯмакҳо ва таъсиси зарфияти фермерҳои кӯчак, ин тарҳ имкон медиҳад тавлидоти арсаи кишоварзиро тиҷорӣ кунад.

Лентаи хабарҳо
0