Панҷ наварӯс аз тарси “ҷину парӣ” ба маризӣ гирифтор шуданд

© Flickr \ frankjuarezДарди сар
Дарди сар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба қавли духтурони рӯҳшинос, волидайн қабл аз тӯй духтаронашонро насиҳат мекунад, ки пас аз хонадоршавӣ дар шаб танҳо ба берун набарояд, ки фалон чиз ёр мешавад, аз ин сабаб чунин ҳолатҳо рух доданаш мумкин аст.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Пизишкони беморхонаи амрози рӯҳии Кӯлоб мегӯянд, танҳо дар моҳи декабри соли гузашта панҷ наварӯс аз тарси он ки гӯё ҷину аҷинаҳо ба онҳо "ёр" шудаанд, ба табибони равоншинос муроҷиат кардаанд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

Пизишкони беморхонаи амрози рӯҳии Кӯлоб далели ба чунин ҳол гирифтор шудани наварӯсонро натиҷаи "насиҳат"-ҳои модарони онҳо медонанд, ки, ба гуфтаи табибон, арӯсони ҷавонро аз хатари ба онҳо ёр шудани ҷину парӣ дар айёми чиллаи зимистон метарсонанд.

Фаррух Сафаров, иҷрокунандаи вазифаи сартабиби беморхонаи рӯҳии рақами 2 дар Кӯлоб гуфтааст, ҳамаи 5 наварӯсе, ки моҳи декабри соли гузашта дар ин беморхона бистарӣ буданд, аз тарс ба чунин ҳол гирифтор шудаанд.

"Пеш аз тӯй духтарро насиҳат мекунад, ки дар шаб танҳо ба берун набарояд, ки фалон чиз ёр мешавад. Аммо мисоли одӣ. Духтар дар хонаи падар аст, ба говҷӯшӣ, хокистаргирӣ дар шом машғул мешавад, вале бемории рӯҳӣ намешавад. Чаро дар бисёр вақт арӯсон бемори рӯҳӣ мешаванд? Зеро падару модар пеш аз тӯй дар зеҳни онҳо тарсро ҷо мекунанд", —афзудааст Фаррух Сафаров.

Аммо модарони наварӯсон мегӯянд, иллати бемор шудани духтарон риоя накардани парҳезҳое ҳаст, ки ҳар навхонадор бояд онро ба ҷо биорад. Майдагул Раҳмонова, модари 40-сола, мегӯяд, ҳар касе парҳезро риоя мекунад, ҳеч гоҳ бемор намешавад. Ба қавли ӯ, арӯс то 40 рӯзи пас аз никоҳ набояд танҳо дар хона бимонад ва ё аз хона берун шавад ва оби ҳаммомро ҳам сари роҳ партояд.

"Мо аз модару модаркалонамон шунидаем, ки дар сурати танҳо мондан ба наварӯс ҷинну аҷинаҳо ёр мешанд",- гуфтааст вай.

Масъулони бемористони амрози рӯҳии Кӯлоб мегӯянд, дар 10 соли охир даҳҳо арӯси беморро табобат кардаанд. Аммо бемороне ҳам будаанд, ки ҳатто дар бемористон шифо наёфта, ба иллати як ҳароси хӯрдаашон дигар як умр гирифтори, ба таъбири мардум, "ҷину парӣ" мешаванд.  

Ҳоло дар беморхонаи амрози рӯҳии Кӯлоб 54 нафар, аз  ҷумла 24 зан бистарӣ мебошанд. Тибқи омори расмӣ дар минтақаи Кӯлоб панҷ ҳазор бемории рӯҳӣ сабт шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0