Раиси ноҳияи Панҷ: ба ҷои сарбозон “гаравгон”-и Толибон мешавам

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузаштан ба хазинаи аксРӯди Панҷ (Ому)- марзи муштараки миёни Афғонистону Тоҷикистон
Рӯди Панҷ (Ому)- марзи муштараки миёни Афғонистону Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Даргирии бардавом миёни нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон ва Толибон дар вулусволии Имом-Соҳиб имкон намедиҳад, то чор марзбони тоҷик аз асорат раҳо ёбанд.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Абдуҷон Таваккалзода мегӯяд, даргирии бардавом миёни нерӯҳои ҳукуматии афғон ва Толибон дар вулусволии Имом-Соҳиб имкон намедиҳад, то чор марзбони тоҷик аз асорат раҳо ёбанд, менависад сомонаи радиои Озодӣ.

"Дар пайи идома ёфтани даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматии афғон ва ҷангиёни Толибон дар вулусволии Имом-Соҳиб аз асорат раҳо кардани чор марзбони тоҷик боз ҳам мушкилтар шудааст",-афзудааст Таваккалзода.

Барои раҳоии тоҷикон аз дасти Толибон амалиёти вижа роҳандозӣ шуд

Ба қавли ӯ, ин даргириҳо имкон намедиҳанд, то барои интиқоли сарҳадбонони тоҷик ба Ватан шароити амн фароҳам оварда шавад.Тавакалзода мегӯяд, чанд бор бо раҳбарони ҷангиёни Толибон дар Имом-Соҳиб низ телефонӣ сӯҳбат кардааст. Таваккалзода тасдиқ мекунад, ки "омода аст барои раҳоии сарбозони тоҷик гаравгони ҷангиёни Толибон бошад".   

"Масъалаи раҳоии чаҳор сарҳадбони тоҷик дар мадди назари президент Эмомалӣ Раҳмон низ қарор дорад ва шурӯъ аз Сарраёсати марзбонӣ то ҳукумати вилояти Хатлон ва ноҳияи Панҷ талоши худро барои раҳоии онҳо идома медиҳанд",- гуфт вай.

"Воқеан, минтақаи Имом-Соҳиб ноором аст ва амалиёти нерӯҳои давлатӣ барои поксозии ҷангиёни Толибон идома дорад, аммо ман ҳоло наметавонам дақиқ бигӯям, ки ин амалиёт то кай давом хоҳад кард ва сарнавишти чор марзбони тоҷик чӣ хоҳад шуд",- иброз доштааст Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи идораи амнияти вилояти Қундуз дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ.

Ба иттлои додситонии вилояти Хатлон чаҳор марзбони тоҷик — Фарҳод Калонов (соли таваллудаш 1996), Сироҷ Давлатов (1991), Тӯйчибоӣ Нурбоев (1996) ва Меҳроҷ Шодиев (1994) мебошанд, ки рӯзи 19 декабр дар назди ҷазираҳои рӯди Омӯ, ки Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад, асир гирифта шудаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала