ВАО: ҳамсари Қувватов мегӯяд, шавҳараш раҳо шудааст

© Flickr / Julian KingСтамбул. Архивное фото
Стамбул. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вай ин хабарро дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст. Қумриниссо мегӯяд, ҳамроҳони боздоштшудаи шавҳараш низ раҳо шудаанд. Аммо аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ варзидааст.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Қумриннисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов мегӯяд, шавҳараш субҳи имрӯз аз боздоштгоҳ раҳо шудааст. Дар ин бора оҷонсии Тojnews иттилоъ медиҳад.

Вай ин хабарро дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст. Қумриниссо мегӯяд, ҳамроҳони боздоштшудаи шавҳараш низ раҳо шудаанд. Аммо аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ варзидааст.

Қувватов дар гаравгонгирӣ гумонбар мешавад

Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи "Гуруҳи 24" ҳамроҳ бо се нафар аз тарафдоронаш — Ҳусайн Ашӯров, Сӯҳроб Тӯраев ва Абдурашид Ҳомидов 19-уми декабр дар Туркия боздошт шуданд.

Сабаби боздошти Қувватов ва ҳамроҳонаш риоя накардани қонунҳои будубоши афроди хориҷӣ дар Туркия унвон мешуд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, барои истирдоди Қувватов ба Туркия дархост ирсол кардаанд.

Оҷонсии мубориза бо коррупсия низ иттилоъ дода буд, ки Қувватов ба ҷуз аз ҷиноёти иқтисодӣ дар ҷиноятҳои дигар, назири қаллобиву одамрабоӣ низ гумонбар дониста мешавад.

"Гуруҳи 24" мехост дар 10 октябри соли 2014 дар маркази Душанбе эътирози густурдае баргузор кунад. Аммо ин эътироз барпо нашуд, вале Додгоҳи Олӣ як рӯз қабл аз ваъдаи баргузории эътироз, ин созмонро террористӣ эълон намуда, фаъолияташро дар Тоҷикистон манъ кард.

То кунун чанде аз шаҳрвандони кишвар ба далели узвият дар ин созмон боздошт шудаанд. Мақсуд Иброҳимов, аз ҳаводорони ин созмон ахиран аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва ҳамакнун дар бозпурсии мақомот қарор дорад.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала