Ба ҷойи Исо Мунаев собиқ муттаҳам дар сӯйиқасд ба Путин таъйин шуд

© Sputnik / Геннадий Дубовой / Гузариш ба медиабонкТехникаи низомии маҳвшудаи Украина. Акс аз бойгонӣ
Техникаи низомии маҳвшудаи Украина. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зодаи Чеченистон Адам Осмаев фармондеҳии баталони ба номи Ҷавҳар Дудаев, ки ба ҷонибдорӣ аз Киев меҷангад, бар зимма гирифт. Фармондеҳи пешини ин ниҳод Исо Мунаев дар ҷанге дар наздикии Дебалтсево кушта шуд.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Зодаи Чеченистон Адам Осмаев, ки дар гузашта барои омодагии сӯйиқасд ба ҷони Владимир Путин муттаҳам буд, фармондеҳии баталони ба номи Ҷавҳарро, ки ба пуштибонӣ аз Киев меҷангад, қабул кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба "Укринформ".

Хабаргузорӣ бо истинод ба афсари матбуотии баталони ба номи Дудаев Амин Окуев хабар медиҳад, ки Исо Мунаев дар наздикии шаҳраки Дебалтсево дар ҷанг кушта шуд.

Гурӯҳи ифротии иборат аз се нафари ҷавонро (зодагони Чеченистон Адам Осмаев, Руслан Мадаев ва зодаи Қазоқистон- Иля Пянзин), ки дар маскане дар шаҳри Одесса паноҳгоҳ ташкил карда буданд, дар моҳҳои январ-феврали соли 2012 баъд аз он ки дар ин манзил бомбаи худсохт ногаҳон фаъол шуд, ошкор ва мавҳ карданд.

Он замон Мадаев кушта шуд, вале боздоштшудаи нахустин Пянзин ба маъмурони амниятии Украина баёнот дод, ки бо ҳамтоёнаш маводи мунфаҷира барои анҷоми сӯйиқасд ба ҷони Владимир Путин (он замон нахуствазири Русия буд) ва раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров омода мекарданд.

Дар моҳи ноябр додгоҳи украинӣ Осмаевро дар таҳияи маводди мунфаҷира, убури ғайриқонунӣ аз марзи Украина ва тахриби моликият муттаҳам донист, вале ҳамзамон ӯро озод кард, зеро ба эътиқоди додгоҳ вай ба ҳангоми таҳқиқи ҳодиса ҷазои кофӣ дидааст.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон аз зодагони ин кишвар, ки дар амалиёти низомиёни Украина алайҳи сокинони Донбасс мушорикат доранд, даъват кард, ки фаъолияташонро қатъ намоянд ва ба хонаҳои худ баргарданд.

Лентаи хабарҳо
0