Ҷудоихоҳони Луганск барои бори нахуст зарбаи ҳавоӣ заданд

© Sputnik / Наталья СеливерстоваҶангандаи СУ-25. Акс аз бойгонӣ
Ҷангандаи СУ-25. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар дасти ҷудоихоҳони ҶМЛ “Грач” – ҷангандаи СУ-25, ки моҳи июли соли гузашта аз ҷониби мухолиф гирифта буданд, қарор гирифт. Ҷангандаро бозсозӣ карда ва ҳамакнун қасд доранд дар набардҳо алайҳи низомиёни Украина аз он истифода кунанд.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Барои бори аввал дар таърихи даргириҳои низомӣ дар ҷанубу шарқи Украина ҷудоихоҳони Ҷумҳурии мардумии Луганск ба мавзеҳои низомиёни Украина зарбаи ҳавоӣ заданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ситоди ҷудоихоҳон.

"СУ-25-и мо ногаҳон дар фазои болои Артемовск-Дебалтсево пайдо шуда ба қатори артиши Украина, ки барои кӯмак ба низомиёни муҳосирашудаи Дебалтсево равон буданд, ҳамла кард. Зиреҳпӯшҳо ва мошинҳои ҳомили нерӯи низомӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. То ҳол дар бораи талафоти низомиён иттилоъи дақиқе дар даст нест", — хабар доданд ба РИА Новости дар ситод.

Баъд аз анҷоми амалиёти ҳамла ҷанганда ба фурудгоҳи омӯзишгоҳи олии штурмании Луганск баргашт.

Ҳавопаймои СУ-25 (дар артиши Русия онро "Грач" ном мебаранд) ба суфуфи ҷудоихоҳони Луганск дар моҳи июли соли гузашта баъд аз он ки ҳадафи тир қарор гирифт ва ҷудоихоҳон сарнишинонро водор карданд, ки дар қаламрави худ фуруд ояд. Баъд аз бозсозӣ ин ҷанганда ба суфуфи артиши ҶМЛ пазируфта шуд.

Дебалтсево — шаҳрест дар шарқи вилояти Донетск, ки дар он ҷо неруҳои бузурги низомиёни украинӣ, тибқи иттилои манобеъи мухталиф, аз 8 то 10 ҳазор нафар ҷамъ оварда шудаанд. Ин шарҳ яке аз нуқоти "доғи" мухолифати миёни ҷудоихоҳон дар Донбасс ва низомиён аст.Тавассути ҷодаи Артемовск-Дебалтсево иртибототи низомиёни Дебалтсево бо манотиқи дигари таҳти назорати Киев амалӣ мешавад.

Ҷудоихоҳони ҶМД ва ҶМЛ ин ҷоддаро пайваста тирборон мекунанд ва ҳамзамон талош доранд, ки ба Дебалтсево аз ду самт ҳамла кунанд.

Мақомоти Украина дар моҳи апрели соли гузашта дар Донбасс алайҳи норозиёни табаддулоти давлатии феврал дар ин минтақа амалиёти низомӣ оғоз карданд. Тибқи иттилои ахири СММ, беш аз 5,3 ҳазор нафар сокини осоишта қурбонии ин даргирӣ шудаанд. Ҷонибҳо чанд дафъа бо миёнаравии Русия ва САҲА барои дастрасӣ ба тавофуқ талошҳо карданд.

Лентаи хабарҳо
0