Расонаҳо: ҳавопаймои TransAsia ба рӯдхона уфтод ва куштаҳо низ ҳастанд

© REUTERS/Pichi ChuangНаҷоти мусофирони ҳавопаймои TransAsia. 4 феврали соли 2015
Наҷоти мусофирони ҳавопаймои TransAsia. 4 феврали соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймо ба ҳангоми оғози парвоз ба рӯдхона уфтод, гурӯҳи наҷот, ки маҳалли ҳодиса ҳозир шуд, тавонист чанд нафарро аз дохили ҳавопаймо берун оварад, қисмати дигари мусофирон худ ба соҳил баромаданд.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати TransAsia Airways рӯзи чаҳоршанбе дар пойтахти Тайван — Тайбэ ба рӯдхона уфтод, ду нафар кушта ва беш аз 10 нафар захмӣ шуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.

Дар гузоришҳо омадааст, ки ҳавомаймои ATR-72 зимни оғози парвоз бо пул бархурд кард ва ба рӯдхонаи Тсзилун, ки дар канори ҷодаи атрофи Тайбей ҷорист, уфтод. Дар дохили ҳавопаймо 53 нафар қарор доштанд.

Веб бошгоҳи оммавии Flightradar24, ки имкон медиҳад маҳалли парвози воқеъии ҳавопаймоҳо дар фазоро назорат кард, дар бораи ин сонеҳа дар Twitter хабар пахш кардааст.

Ба маҳалли ҳодиса гурӯҳҳои наҷот ва оташнишонон эъзом шуданд. Хабар дода мешавад, ки ду нафар кушта ва дастикам 10 нафар наҷот дода шуданд ва то ҳол ҳамин теъдод мусофирон дар дохили ҳавопаймо банд мондаанд. Ба иттилоъи расонаҳо, бархе аз мусофирон баъд аз ин қазия мустақилона худро ба соҳил расониданд.

Дар ҳамин ҳол бошгоҳи PzFeed хабар медиҳад, ки дар дохили ҳавопаймо 58 нафар қарор доштанд, ки панҷ нафари онҳо сарнишин буданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала