Дар Тоҷикистон арзиши сӯзишвории дизелӣ аз нархҳои ҷаҳонӣ 5% арзон аст

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкМаводди сӯхтӣ. Акс аз бойгонӣ
Маводди сӯхтӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон, ки нархи баландтарин бензин дар миёни кишварҳои пасошӯравиро дорад, дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ин нишондод миёни Сербия ва Лаҳистон қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Арзиши маводи сӯхтии дизелӣ дар Тоҷикистон 5% арзонтар аз қимматҳои миёнаи ҷаҳонӣ аст, вале арзиши бензин 14% баландтар будааст, хабар медиҳад сойти назорати арзиши маводди сӯхтии чакана дар ҷаҳон www.mytravelcost.com.

Қиммати бензин дар Тоҷикистон ҳамчунон баландтарин дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ аст ва $1,17 ё 1,04 евро барои 1 литр, ки 14% баландтар аз арзишҳои миёнаи ҷаҳонӣ ба бензин мебошад. Ба ин тартиб, Тоҷикистон аз ин нишондод дар миёни Сербия, ки дар он як литр бензин $1,18 ва Лаҳистон — $1,16 қарор дорад.

Тибқи иттилоъи ин назорат, арзиши арзонтарини бензин дар Русия сабт шудааст, ки дар он ҷо қиммати як литри ин маводди сӯхтӣ $0,50 мебошад. Сипас Қирғизистон — $0,71, Қазоқистон — $0,80, Белорус — $0,75, Озарбойҷон — $0,94, ва дар охири феҳраст Арманистон қарор дорад, ки дар он ҷо як литр бензин баробари $1,12 аст.

Дар робита ба маводди сӯхтии дизелӣ арзиши он дар Тоҷикистон баръакс 5% арзонтар аз нархҳои миёнаи ҷаҳонӣ аст ва ба ҳисоби миёна $0,88 ё 0,78 евро барои як литр аст.

Дар маҷмӯъ нархҳои арзонтарин ба бензин ва маводди сӯхтии дизелӣ дар Венесуэла, Сурия ва Арабистони Саъудӣ сабт шудааст ва гаронтарин маводди сӯхтӣ дар Норвегия, Гонконг ва Голландия аст.

Тоҷикистон комилан ба воридоти маводди сӯхтӣ бастагӣ дорад. Миқдори аслии маводди сӯхтӣ (беш аз 80%) ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад ва миқдори дигар аз Туркманистон, Қазоқистон ва кишварҳои дигар воридот карда мешавад. Ба қиммати маводди схтӣ дар Тоҷикистон арзиши содиротӣ, махориҷи ҳамлу нақли он тавассути қаламрави Ӯзбекистон ва ҳамчунин аворизи гумрукӣ ва мизони молиёт, ки нисбати кишварҳои ҳаммарз бештар аст, таъсир мегузоранд.

Дар соли 2014 Тоҷикистон 580 ҳазор тонн маводи сӯхтӣ ворид кардааст, ки нисбати соли 2013 218 ҳазор тонна бештар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0