Нозирони интихобот аз ИДМ 12 феврал ба Душанбе меоянд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Барои назорат ва ширкат дар мониторинги интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз кишварҳои алоҳида, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳайати нозирон ташриф меоранд.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тибқи иттилои оҷонсии CA-News, ки дар такя ба КМИР хабар пахш кардааст, гурӯҳи аввали нозирон таҳти сарварии муовини раиси кумитаи иҷроияи кишварҳои ИДМ Владимир Гаркун рӯзи 12-уми феврал ба Душанбе меоянд.

Миссияи дигари нозирони интихоботии ИДМ, ки ваколати кӯтоҳмуддат доранд чанд рӯз қабл аз баргузории интихоботи парлумонӣ зери сарпарастии раиси комиҷроияи кишварҳои ҳамсуд Сергей Лебедев ба ҶТ ташриф меоранд.

Дар ҳоли ҳозир намояндагони Дафтари ҳуқуқи инсон ва институти демократии САҲА (БДИПЧ), Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун нозири байналмилалӣ сабти ном шудаанд.

Дар маҷмӯъ, интихоботи парлумонии Тоҷикистонро, ки қарор аст рӯзи якуми март баргузор шавад, беш аз 500 нозири байналмилалӣ аз созмону кишварҳои хориҷӣ назорат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0