Муҳоҷирон бори аввал санҷиши забони русиро супорида наметавонанд

Обуна шудан
НовостиTelegram
Пеш аз супоридани санҷиши забони русӣ, асосҳои қавонин ва таърихи Русия маъмулан муҳоҷиронро зарур аст, ки аз давраҳои кӯтоҳмуддати ройгон, ки дар манотиқи ФР ба ибтикори созмонҳои ҷамъиятӣ таъсис шудаанд, бигзаранд.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Намояндагии вазорати кори Тоҷикистон дар Русия бо муҳоҷирони корӣ барои бомуввафақият супоридани санҷиш аз забони русӣ, асосҳои қавонин ва таърихи Русия сӯҳбатҳо мегузаронанд, хабар медиҳад сойти намояндагӣ.

"Натоиҷи санҷишҳои нахустин, ки дар кишвари Краснодар сурат гирифтанд, нишон медиҳанд, ки шаҳрвандон аз маротибаи аввал санҷишро супорида наметавонанд. Тибқи қавоид ҳар як бори дигари талоши супоридани санҷиш махориҷи изофиро ба дунбол дорад, ки дар арзиши гирифтани муҷҷавизи кор аз сӯйи муҳоҷир асар мегузорад", — омадааст дар хабар.

Ба манзури ҷилавгирӣ аз мушкилот дар раванди супоридани санҷишҳо корманди намояндагӣ якҷо бо созмони ҷамъиятии краснодарии "Содействие" гурӯҳҳое таъсис дода дар масоили супоридани санҷиш сӯҳбатҳо барпо карданд.

Агар ошкор шавад, ки муҳоҷирон барои супоридани санҷишҳо омода нестанд, ба онҳо ширкат дар давраҳои омӯзиши забон пешниҳод мешавад. Давраҳои мушобеҳ дар бархе аз манотиқ ба ибтикори созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ройгон таъсис шудаанд.

Санҷиш барои муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: мутахассисин аз супоридани санҷиши забони русӣ озод мешаванд

Танҳо дар маркази омӯзиши забон дар донишгоҳи омӯзгории Благовешенск (маркази маъмурии вилояти Амур) аз оғози сол аллакай 50 шаҳрванди Тоҷикистон санади таъйиди донистани забони русиро гирифтаанд.

Дар академияи иқтисод ва ҳуқуқи давлатии Хабаровск 43 нафар муҳоҷири кории тоҷик санҷишро муваффақона супориданд. Вале барои ин амр онҳо водор шуданд, ки аз давраи як ҳафтина дар дафтари марказии созмони ҷамъиятии "Союз Таджикистан" ширкат кунанд.

Дар кишвари Краснодар дар манотиқи сарҷамъонаи зиндагии муҳоҷирони кории тоҷик комиссияи вижа барои санҷиш таъсис дода мешавад.
Чунин наҳваи санҷиш аллакай дар вилояти Амур ва вилояти худмухтори Яҳудӣ таъсис шудаанд.

Барои гирифтани санади таъйид шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд санҷишро дар марокизе дар назди донишгоҳҳои шаҳри Душанбе супоранд.

Лентаи хабарҳо
0