Песков: музокироти раҳбарони Русия, Фаронса ва Олмон судовар буданд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкРаиси ҷумҳури Русия В. Путин бо садри аъзами Олмон А.Меркел ва раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд музокирот кард
Раиси ҷумҳури Русия В. Путин бо садри аъзами Олмон А.Меркел ва раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд музокирот кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Дар идомаи музокироти дирӯзаи раиси ҷумҳури Фаронса Олланд ва садри аъзами Олмон Меркел дар Киев имрӯз музокироти судманд ва умедворкунандаи онҳо бо раиси ҷумҳури Русия сурат гирифтанд”, - хабар дод сухангӯйи раиси ҷумҳури Русия.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Музокироти раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо раҳбари Фаронса Франсуа Олланд ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел барои ҳалли қазияи Украина, ки дар Москав беш аз панҷ соъат идома дошт, судманд ва умедворкунанда буданд, изҳор дошт сухангӯйи раиси ҷумҳури Дмитрий Песков, хабар додааст рӯзи шанбе РИА Новости.

"Дар идомаи музокироти дирӯзаи раиси ҷумҳури Фаронса Олланд ва садри аъзами Олмон Меркел дар Киев имрӯз музокироти судманд ва умедворкунандаи онҳо бо раиси ҷумҳури Русия сурат гирифтанд", — гуфт Песков.

Лентаи хабарҳо
0