ВАО: Эмомалӣ Раҳмон мушобеҳ ба "офтоб" ва "ситораи бахт" аст

© Саҳифаи расмии маркази матбуотии президент дар Facebook Э. Раҳмон зимни ифтитоҳи маҷмааи варзишӣ дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Э. Раҳмон зимни ифтитоҳи маҷмааи варзишӣ дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар як рисола Эмомалӣ Раҳмонро “офтоб”-у “ситораи бахт” хонда, гуфтааст, “ба қадри ӯ расидан, номи ӯро гиромӣ доштан қадршиносӣ аз Тоҷикистон аст.”

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Раиси кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, ки ҳамакнун номзад ба вакилии парлумон аст, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро бо сифатҳое, чун "офтоб", "ситораи бахт", "фарзанди фарзонаи миллати тоҷик" ва ғайра тавсиф кардааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Холиқзода ин ҳарфҳоро дар рисолае бо номи "Бунёдгузори давлати миллӣ", ки  "Ҷумҳурият" — нашрияи расмии ҳукумат — рӯзи 6 феврал онро нашр кардааст, навишта ва илова кардааст, ки "тасвири корнамоиҳои чунин шахсиятҳо берун аз тавони қалами як шахсу ва ҳатто як даврон аст".

Эмомалӣ Раҳмон аснои ифтитоҳи як маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарон президентро Сармураббии Олӣ эълон карданд

"Дуруст аст, ки инъикоси симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кардааст, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот додааст, миллатро дар кӯтоҳтарин замон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳондааст, тасвири корнамоии фарзанди миллат, ки ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашида, ҷинояткоронро авф карда, гурезаҳоро ба Ватан баргардонда, ба миллати мотамзада Ваҳдат, Субот, Амният оварда, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон вогузор сохта, пояи давлатдориро аз сирф, низоми молияро аз хазинаи холии бағоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуда, оби наҷотбахши озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонда, мардуми парешонро атрофи дастархони миллат муттаҳид карда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намудааст, кори саҳл нест", — навиштааст Холиқзода.

Муаллиф дар идома ба "сайри таърихӣ" пардохта, суқути Шӯравӣ дар ибтидои солҳои 90-ро натиҷаи пирӯзии капитализм бар сотсиализм меномад, аз фурӯ рафтани Тоҷикистон ба коми ҷанги шаҳрвандӣ ёд мекунад ва менависад, вакилони порлумони вақт бо ин ки 23 сол пеш Эмомалӣ Раҳмонро раҳбари давлат интихоб карданд, "иштибоҳ накардаанд".

Оқои Холиқзода дар зимн бо бори дигар баршумурдани хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон нақши "эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва қаҳрамонони миллат"-ро  дар баробари "нақши қадршиносию шукргузории неъматҳо" як василаи муассири рушд ва низоми давлат "дар ҳама давру замонҳо" унвон мекунад.

"Роҷеъ ба он, ки Эмомалӣ Раҳмон барои давлати муосири тоҷикон нақши бунёдгузориро дорад, хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаи ӯ дар соҳаи сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва дигар ҷанбаҳо барои гӯши шунавою чашми бино шарҳи иловаро талаб надорад", — афзудааст Холиқзода.

Абдураҳим Холиқзода ҳамчунон бо шарҳи муфассали банд ба банд "5 амали таърихии сарвари давлат"-ро бамешуморад:

1.Таъсиси ҳокимияти давлатӣ

2. Ваҳдати миллӣ

3. Роҳ ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона

4. Таҳияи низоми ҳуқуқи миллӣ

5. Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ

Муаллиф ба ҳайси раиси Кумитаи дин ва танзими расму ойин ба хусус ба нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳияи қонуни танзим таъкид мекунад. Ӯ ин қонуни соли 2007 қабулшударо бо муҳимтарин ислоҳоту инқилобҳои мазҳабӣ дар таърихи дунё, аз ҷумла бо Ян Гусу Мартин Лютер барин ислоҳталабони ҷаҳони масеҳӣ монанд карда, менависад, ҳамин гуна, "инқилобу ислоҳоти баъдии соҳибони қудрат ва пешвоёни миллатҳо Кромвел дар Англия, Мейдзи дар Ҷопон, Ф. Рузвелт дар Амрико, Гарибалди дар Итолиё, Де Голл дар Фаронса, Маҳатма Ганди дар Ҳиндустон, Пётри 1 дар Русия ҳар як дар доираи муайян расму ойинҳо ва доираи анъаноти миллатҳоро дар асоси манфиати мардум зери таъсири қонуну санадҳои меъёрӣ қарор додаанд."

Книга Э. Рахмона Таджики в зеркале истории на французском языке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф дастур дод, ки китоби президент омӯхта шавад

Абдураҳим Холиқзода мӯътақид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон "мисли як ситораи бахт, як рӯшноии фараҳбахш аз миёни мушкилию монеаҳо, торикию зулмот на танҳо солим гузашт, балки бо ғами халқ, фикри мардум ва умеди наҷоти миллат шарик ва ҳамдастон шуда… мисли офтоб зимистони қаҳратуни миллатро ба баҳори сарсабз табдил дод… Ба қадри ӯ расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда идома додан, эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият буда, қадршиносӣ аз Давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст."

Абдураҳим Холиқзода, ки то соли 2010 масъулияти риояи қонуни танзим дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, моҳи майи соли 2010 раиси Кумитаи дин таъин шуд. Дар моҳи декабри соли 2014 дар анҷумани ҳизби ҳокими халқии демократӣ аз номи ин ҳизб номзад ба вакилии порлумон пазируфта шуд ва ғолибан баъди интихоботи 1 март раҳбарии Кумитаи динро бо курсии вакилии Маҷлиси намояндагон иваз мекунад.

Лентаи хабарҳо
0