Қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1" бештар аз 454 миллион сомонӣ шуд

Нозирҷон Ёдгорӣ, масъули дафтари матуботи ширкати “Барқи тоҷик” дар робита гуфтааст, масъалаи баргардонидани қарзи “Сангтӯда-1” ҳамеша дар мадди назари ин ширкат аст.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҳаҷми қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз неругоҳи "Сангтӯда-1" дар як моҳи охир қариб 15 миллион сомонии дигар афзоиш ёфта, аз 439,2 миллион ба 454 миллион 100 ҳазор сомонӣ расидааст, бо такя ба сомонаи расмии "Сангтӯда-1" хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Нозирҷон Ёдгорӣ, масъули дафтари матуботи ширкати "Барқи тоҷик" дар робита гуфтааст, масъалаи баргардонидани қарзи "Сангтӯда-1" ҳамеша дар мадди назари ин ширкат аст.

"Вале он ба ҳаҷми истеҳсоли барқ вобаста аст ва ҳар қадар мизони об дар дарёҳо бештар ва неруи барқ зиёд истеҳсол шавад, барқ бештар ба фурӯш хоҳад рафт ва пули "Сангтӯда-1" пардохта хоҳад шуд", — афзудааст Ёдгорӣ.

Тавре ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, аз авоили моҳи август то сентябри соли гузашта ин ширкат тавонистааст ҳудуди 2 миллион сомонӣ  қарзи "Сангтӯда-1"-ро пардохт намояд. Аммо бо фаро расидани фасли сармо ва кам шудани сатҳи об дар обанборҳо, мизони қарзи "Барқи тоҷик" дар назди "Сангтӯда 1" ҳамчун харидори аслии барқи ин нирӯгоҳ дубора афзуда, ҳамакнун ба 454 миллиону 100 ҳазор сомонӣ расидааст.

Ин неругоҳро Тоҷикистону Русия муштарак сохтаанд. 75 дарсади саҳмияҳои "Сангдӯда-1" ба Русия ва 25 дарсад ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала