Баҳои мусбати Э. Раҳмон ба СММ

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookЭ. Рахмон на встрече с представителями ООН 9 февраля 2015 года
Э. Рахмон на встрече с представителями ООН 9 февраля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Барнома бо Стратегияи нави рушди Тоҷикистон, ки ояндаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро мутаносибан барои то соли 2020 ва то соли 2030 пешбинӣ менамояд, ҳамоҳанг хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни як мулоқот бо намояндагони Созмони милали муттаҳид ба фаъолияти ин барнома дар Тоҷикистон дар самти дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола баҳои мусбат додааст, менависад сомонаи расмии президент.

Дар ин ҳайат Александр Зуев, намояндаи доимии СММ, ҳамоҳангсози фаъолияти Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва роҳбарони намояндагиҳои сохторҳои ин созмон дар Тоҷикистон шомил буданд.

"Дар чаҳорчӯби ин ҳамкориҳо Стратегияи миллии рушди кишвар қабул гардида, ба хотири таъмини рушди устувор ва боло бурдани некуаҳволии мардум дар амал бомуваффақият татбиқ мешавад", — афзудааст президент.

Тавре дафтари матбуотии президенти кишвар хабар медиҳад, ин дидор 9 феврал дар шаҳри Душанбе сурат гирифт ва аснои он зикр шуд, дар чаҳорчӯбаи ҳамкории Тоҷикистон бо 23 ниҳоди Созмони милали муттаҳид дар солҳои 2010-2014 наздики 100 лоиҳа ба маблағи умумии 346 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ғайра, ба иҷро расид.

"Зимни суҳбати созанда таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳияи Барномаи қолабии Созмони милал оид ба Мададрасонӣ бо Ҳадафҳои рушд дар Тоҷикистон (ЮНДАФ) барои солҳои 2016-2020, ки 12 самти ояндадори ҳамкории муштаракро дар назар дорад, зоҳир шуд", — менависад сомона.

Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот таъкид гардид, барномаи номбурда бояд бо Стратегияи нави рушди Тоҷикистон, ки ояндаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро мутаносибан барои то соли 2020 ва то соли 2030 пешбинӣ менамояд, ҳамоҳанг бошад.

"Дар мулоқот ҳамчунин намояндаи Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ Николас Оберлин, намояндаи Созмони кишоварзӣ ва озуқаи СММ Виорел Гутсу, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ Лучиа Элми ва намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустии СММ Павел Урсу иштирок ва изҳори андеша карданд. Зимни андешарониҳо намояндагони СММ дар Тоҷикистон ба ташаббусу ибтикороти созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ дар бахшҳои гуногуни ҷомеаи башарӣ баҳои баланд дода, омодагии худ ва СММ-ро барои татбиқи босамари онҳо таъкид доштанд", — хабар медиҳад дафтари матбуотии президент.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала