Дар Қирғизистон имоме боздошт шуд, ки ҷангҷӯёнро ба Сурия ҷалб мекард

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар суфуфи исломгароиҳо дар Сурия беш аз 200 нафар ҷангҷӯй аз Қирғизистон меҷанганд, ки онҳоро маъмулан дар ҷануби кишвар ғайрирасмӣ ҷосусони созмонҳои байналмиллалии террористӣ таблиғ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ба иттиҳоми таблиғ ва даъвати мардум барои ҷанг дар Сурия дар ҷануби Қирғизистон рӯзи сешанбе имоме боздошт шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи маркази матбуотии ВКД ин кишвар.

"Дар ҷараёни амалиёти "Антитеррор" имоми яке аз масоҷиди шаҳри Қара-Суи вилояти Ӯш, ки худ пайрави мазҳаби тундгарои салафӣ мебошад, дастгир ва ба боздоштгоҳ интиқол дода шудааст", — гуфт мусоҳиби хабаргузорӣ.

Дар манозили пайравонаш дар 22 суроға кофтукоб гузаронида шуд ва аз он ҷо "маводи зиёди ифротгароёна ошкор шуд".

Тибқи иттилоъи ВКД кишвар, бештаре аз афроди ҷалбшуда ба ҷангҳои Сурия сокинони маҳз ноҳияи Қара-Су мебошанд. Дар бархе аз маворид ба ҷанг аҳли хонаводаҳоро эъзом мекунанд.

Ахиран, дар бораи аҳли як хонавода иборат аз чаҳор нафар, аз ҷумла ду кӯдак, иттилоъ пахш шуда буд. Ба иттилои манбаъ, айни ҳол дар суфуфи исломгароиҳо дар Сурия беш аз 200 зархарид аз Қирғизистон меҷангад.

Гуфта мешавад, то ҳол дар он ҷо ҳудуди чиҳил нафар қирғизистонӣ кушта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0