Мақомоти Украина: Гвардияи миллӣ дар наздикии Мариупол ба ҳамла гузашт

© Пресс-служба президента УкраиныНизомиёни Гвардияи миллӣ. Акс аз бойгонӣ
Низомиёни Гвардияи миллӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи Украина (ШАМД) хабар дод, ки дабири ШАМД Александ Турчинов барои ҳамоҳанг сохтани амалиёти низомиён ва ниҳодҳои қудратӣ дар маҳалли амалиёти низомӣ қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ ҳифозати Мариуполро рахна карда ба ҳамла оғоз кардаанд, хабар медиҳад РИА Новости рӯзи сешанбе бо истинод ба намояндаи Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи Украина.

"Феълан, таҳти сарварии Александр Турчинов (дабири ШАМД) дар наздикии Мариупол, маҳалле ҷузъу томҳои гвардияи милли ҳифозатро рахна карда ба ҳамла гузаштаанд, қарор дорад", — хабар доданд дар ШАМД.

Намояндаи ШАМД зикр кард, ки Турчинов дар маҳалли амалиёти низомӣ ба манзури ташкили ҳамоҳангии низомиён ва намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ва назорат бар масири ҳифозат дар ин амалиёт қарор дорад.

Мақомоти Украина дар моҳи апрели соли гузашта дар Донбасс амалиёти низомӣ алайҳи норозиёни табаддулоти давлатим моҳи феврал дар ин минтақаро оғоз карданд. Тибқи иттилоъи ахири СММ, беш аз 5,3 ҳазор сокинони осоишта қурбонии ин даргирӣ шудаанд. Ҷонибҳо борҳо бо миёнаравии Русия ва САҲА талоши расидагӣ ба созиш карданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала