Ҳукумат шикоёти муштариёнро тавассути интернет қабул мекунад

© Sputnik Амир ИсаевДар бозори Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Дар бозори Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба ақидаи мақомот, сойти тоза фаъолшуда имкон медиҳад, ки сокинони пойтахт ба муттахасисони соҳа муроҷиъат карда ва ба онҳо аз ба фурӯш гузоштани маҳсулоти пастсифат, иҷрои бади хадамот ва ё аз муомилоти бад дар нуктаҳои фурӯши мол ва ироаи хадамот шикоят кунанд.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Бахши ҷадиди сойти интернетии шаҳрдорӣ "Бидуни миёнарав" ҳамаи шикоёт ва пешниҳодоти судманди муштариёни пойтахтро қабул мекунад, навиштааст хабаргузории "Tojnews".

Ин бахши сойти шаҳрдорӣ ба он хотир таъсис шудааст, ки муштариёни пойтахт дар сурати ба фурӯш гузоштани маҳсулоти пастсифат дар бозорҳову мағозаҳо тавонанд дар ин бора ба муттахассисони соҳа хабар диҳанд.

"Дар сурати ба фурӯш гузоштани маҳсулоти пастсифат, иҷрои бади хадамот ва ё муомилаи бад дар нуктаҳои фурӯши маҳсулот ва ироаи хадамот, ҳар кас метавонад ба бахши вижаи сойти шаҳрдорӣ бо нишонии www.bemiyonaravho.tj муроҷиъат кунад", — изҳор дошт намояндаи расмии шаҳрдорӣ.

Барои баррасии шикоёти муштариён аз ҷумлаи кормандони Оҷонсии зидди фасод, бахши тандурустӣ, фарҳанг, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра афроди масъул таъин шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала