Боздошти ду нафар дар Рӯшон бо 54 кг нашъа

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аснои як амалиёти вижа дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон, кормандони пулис аз манзили ду сокини ин минтақа беш аз 50 килограмм маводи мухаддир кашфу мусодира кардаанд.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи нашъадор ду сокини ноҳияи Рӯшон боздошт шудаанд, иттилоъ медиҳад сойти ВКД ҶТ.

Ҳангоми кофтукоби манзили истиқоматии Манучеҳр Фироғатови 32-сола ва Ифтихор Таваллоеви 44-сола кормандони пулис мутаносибан 54 кило ва 40 грамм ҳашиш дарёфт кардаанд.

Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.    

Лентаи хабарҳо
0