Музокирот дар Минск идома дорад, дар аксари масоил тавофуқ ҳосил шуд

© Sputnik / Николай ЛазаренкоМузокироти сарварони кишварҳои Русия, Олмон, Украина ва Фаронса дар Минск
Музокироти сарварони кишварҳои Русия, Олмон, Украина ва Фаронса дар Минск - Sputnik Тоҷикистон
Ба қавли муовини раиси дастгоҳи президенти Украина Валерий Чалий гуфтушуниди “формати нормандӣ” дар Минск ҳадди аққал 5-6 соати дигар идома хоҳад кард. ВАО менависад, садри аъзами Олмон ва раисони ҷумҳури Фаронса, Украина ва Русия қариб дар ҳама масоили марбут ба танзими вазъ дар Украина ба тавофуқ расиданд.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Роҳбарони кишварҳои Олмон, Фаронса, Украина ва Русия, ки дар Минск-пойтахти Белорус барои пайдо кардани роҳи ҳал ба оташбас дар шарқи Украина гуфтугӯҳоро оғоз кардаанд, баёнияи муштаракеро имзо хоҳанд кард, менависад РИА Новости.

Нишасти Минск дар чаҳорчӯби як тарҳи пешниҳодшуда аз сӯи Фаронса ва Олмон барои поён додан ба ҷанг дар Украина баргузор мешавад.

"Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Франсуа Олланд, президенти Фаронса бо Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтугӯро оғоз кардаанд. Чаҳор раҳбар дар ибтидо пушти дарҳои баста мулоқот карданд ва баъдан ҳайатҳои намояндагони чаҳор кишвар ба онҳо пайвастанд",- меафзояд манбаъ.

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина пеш аз нишаст гуфт, ки дар сурати даст наёфтан бар барқарории оташбас, вазъият "аз контрол хориҷ хоҳад шуд." Умед барои муваффақияти ин гуфтугӯҳо кам ба назар мерасад ва ба ин вобаста аст, ки ҳукумати Украина имтиёзи бештаре ба ҷудоиталабони дар ҳоли пешравӣ дар майдони ҷанг, бидиҳад. Аз сӯи дигар, эҳтимоли мувофиқати ҷудоиталабон бо бозгашт ба мавқеияти пешинаи худ баъид ба назар мерасад.

Порошенко: ба Минск барои оташбас меравам

Ба қавли муовини раиси дастгоҳи президенти Украина Валерий Чалий гуфтушуниди "формати нормандӣ" дар Минск ҳадди аққал 5-6 соати дигар идома хоҳад кард. ВАО менависад, садри аъзами Олмон ва раисони ҷумҳури Фаронса, Украина ва Русия қариб дар ҳама масоили марбут ба танзими вазъ дар Украина ба тавофуқ расиданд.  

Бо ин ҳол Русия ба тавофуқ хушбин аст ва ба гуфтаи як дипломати Русия, эҳтимоли расидан ба тавофуқ 70 дарсад аст.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала