“Озодагон”: Ширкати наздикони Зайд Саидов дар мурофиаи судӣ

© Sputnik Амир ИсаевСуди Олӣ. Акс аз бойгонӣ
Суди Олӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саид гуфтааст, дар ин мурофиа аз додрас дархост хоҳанд кард, парвандаҳои навро, ки сирф иқтисодиянд на дар СИЗО, балки дар бинои Додгоҳи олӣ дар ҳузури намояндагони омма баррасӣ кунад.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Нахустин мурофиаи парвандаҳои нави Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик 12 феврал дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бо ҳузури наздиконаш оғоз шуд, менависад оҷонсии "Озодагон".

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саид гуфтааст, дар ин мурофиа аз додрас дархост хоҳанд кард, парвандаҳои навро, ки сирф иқтисодиянд на дар СИЗО, балки дар бинои Додгоҳи олӣ дар ҳузури намояндагони омма баррасӣ кунад.

Бинои СММ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Номаи вакилони Зайд Саидов ба СММ

Қаблан Зайд Саидов бо исроли як нома ба Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди олии Тоҷикистон шарт гузошт, дар сурати баргузории мурофиаҳо дар СИЗО аз иштирок дар он даст хоҳад кашид. Вай гуфта буд, ки дар парвандаҳои пешинаш, ки муҳри махфӣ зада буданд, бино бар ин мурофиаи он дар боздоштгоҳи муваққатӣ гузашт, аммо "парвандаи дувум сирф иқтисодист ва муҳри махфӣ надораду ҳеч сире нест, онро бояд дар Суди олӣ доир намоянд".

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон Зайд Саидовро ин бор дар зиён расонидан ба буҷаи давлат дар ҳаҷми 10 миллион доллар айбдор кардааст. Ин Оҷонсӣ дар нимаҳои моҳи январ хабар дода буд, ки тафтишоти парвандаҳои ҷадиди Саидовро анҷом дода, ба додгоҳ ирсол кардааст.

Иттиҳоми нав: Зайд Саидов ба буҷа $10 миллион зарар расонидааст

Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт ва моҳи декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот пас аз панҷ моҳи маҳкумияти оқои Саидов эълон карданд, ки алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — моддаҳои 245, қисми 4, банди "б" (азхудкунӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340, қисми 2 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) парвандаи нав боз кардаанд. Айбномаи наве, ки Зайд Саидов ҳангоми ошноӣ бо он ҳамаашро рад карда, мисли парвандаҳои қаблияш сохтаву бофта унвон кардааст.

Дар айбномаи нав Зайд Саидов ҳамчун роҳбари ғайрирасмии ширкати сохтмонии "Тоҷсохтмон-Байналмилал" муаррифӣ шуда, барои азхудкунии маблағҳои буҷет, ки барои сохтмони иншооти "Душанбе-Плаза" пешбинӣ гардидааст, муттаҳам дониста мешавад. Дар ҳоле ки Исҳоқ Табаров, вакили Зайд Саидов мегӯяд, расман Саидов ба "Тоҷсохтмон-байналмиллал" ягон иртиботе надорад ва аз салоҳияту ваколатҳои амрдиҳӣ ва ё ҳуқуқи имзо намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳаргиз бархӯрдор набудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала