ВАО-и Тоҷикистон аз расонаҳои ӯзбакӣ ва туркманӣ озодтар аст

Созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” дар ҳисоботи солонаи худ Тоҷикистонро дар шохиси озодии матбуот дар миёни 180 давлати дунё дар ҷойи 116 қарор дод.

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik.  Дар гузорише, ки ин созмон расонаӣ кард, гуфта мешавад, ки  Тоҷикистон дар риояи озодии матбуот 36,19 хол ба даст овард, ки дар қиёс ба як соли пеш 1,33 хол камтар аст, омадааст дар сойти Шохиси озодии матбуот

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта кишвари мо дар рейтинги озодии матбуоти "Гузришгарони бидуни марз" дар ҷойи 115 қарор дошт.Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон дар озодии матбуот дар ҷойи 88, Қазоқистон 160, Ӯзбакистон 166 ва Туркманистон дар мақоми 180 ҷой гирифтаанд.

Дар ин гузориш кишварҳое чун Норвеж, Дания, Нидерландия, Финландия ва Шветсия чун мамолики пешсаф дар озодии баён эълон шудаанд.

ИМА-ро дар раддабандии худ "Гузоришгарони бидуни марз" дар ҷойи 49 ва Русияро дар мақоми 152 қарор додаанд.

 Гуфта мешавад, ки ин маърӯза бар пояи посухи шарикони созмони "Гузоришгарони бидуни марз" ва 130 хабарнигор дар гӯшаву канори олам, муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон ва фаъолони ҳифзи ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала