Тавлидоти ҳунармандони тоҷик дар Франкфурт ба намоиш гузошта шуданд

© Flickr \ Tim GriffinТавлидоти ҳунармандони тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Тавлидоти ҳунармандони тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар намоишгоҳи Франкфурт Иттиҳоди ҳунармандони кишвар ва корхонаи “Умед” муаррифӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Барои бори нахуст тавлидоти ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳи байналмиллалии маводи ниёзи мардум Ambiente ба марази тамошочиён гузошта шудаанд, омадааст дар баёнияи хабарии Маркази байналмиллалии тиҷорат (МБТ).

Дар ин намоишгоҳ ҳунармандон аз 90 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд ва кори он имрӯз дар шаҳри Франкфурт оғоз шуда то 17 феврал идома меёбад.

Тоҷикистонро ба навиштаи МБТ Иттиҳоди ҳунармандони кишвар ва корхонаи "Умед" муаррифӣ мекунанд. Дар намоишгоҳ баргузории тадорукоти мухталиф барои ошкор сохтани равандҳои муассири тавлидот дар ин арса ва фароҳам кардани шароити зарурӣ барои иртиботот ва музокирот доир мешаванд. Намоишгоҳ ба тамошочиён ва ширкаткунандагон имкон медиҳад, ки сатҳи огоҳии худ аз равандҳо дар ин бозор, навовариҳо боло бубаранд. Ба Ambiente ҳамасола аз 160 кишвари ҷаҳон беш аз 140 ҳазор тамошочиён меоянд.

Ин сафари ҳунармандони тоҷик аз сӯйи Маркази байналмиллалии тиҷорат бо сармоягузории ҳукумати Швейтсария дар чорчӯби барномаи ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ин тарҳ ҷузъи чаҳоруми Барномаи ҳамкорӣ дар бахши тиҷорати Тоҷикистон мебошад.

Ин тарҳ ба тақвияти зарфияти рақобатпазирии бахши нассоҷӣ ва дӯзандагӣ тавассути ироаи кӯмакҳои вижа ба корхонаҳои кӯчак ва муттавасит ва ниҳодҳои дастгирии тиҷорат равона шудааст. Дар ҷараёни иҷрои ин тарҳ мушкилот ва зарфияти рушди ҷаҳонгардӣ ва ҳунармандӣ дар Тоҷикистон пажӯҳиш хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0