Боздошти сарҳанги қочоқчӣ дар ноҳияи Исфара

Аз авоили соли ҷорӣ маъмурони Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон бари бори дуввум афсарони ниҳодҳои интизомиро ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт карданд.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Аз борхалтаи варзишии як сокини бекори шаҳри Ғафуров маъмурони Ожонси мубориза бо маводи мухаддир(ОМММ) ҳашт килограмм ҳероинро ошкор карданд, хабар медиҳад маркази матбӯъотии ОМММ Тоҷикистон.

Ҳангоми боздошт ин фард тавзеъ дод, ки компютари хусусиашро барои таъмир мебарад. Борхалтаро боз карда, маъмурон дар дохили компютер 8 бастаи селофаниро пайдо карданд, ки дохилаш хокаи дорои бӯйи вижа буд.

Таҳқиқи коршиносон собит сохт, ки маводи забтшуда ҳудуди ҳашт килограмм ҳероин мебошад.

Рустам Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Соли гузашта 14 корманди интизоми бо маводди мухаддир боздошт шуданд

Дар бозпурсӣ фарди боздоштшуда иқрор шуд, ки ҳероинро аз шиносаш бо исми "Фурқат" гирифтааст. Маъмурон ин фардро мушшахас ва боздошт карданд ва рӯшан шуд, ки ин фард афсари ниҳодҳои интизомӣ дар унвони сарҳанг будааст.

"Афсари қочоқчӣ афроди бекорро пайдо карда бо кӯмаки онҳо ҳероинро ба хориҷи кишвар мунтақил мекард ва барояшон барои ин кор пардохти маблағи ҳангуфтро баъд аз анҷоми амалиёт ваъда медод",-омадааст дар хабари сарчашма.

Феълан таҳқиқот ошкор мекунад, ки сарҳанг аз кӣ ин миқдори бузурги маводи мухаддирро дарёфт кардааст.

Дар ин замина гурӯҳи таҳқиқотии Оҷонсӣ бар пояи моддаи 200 қисми 4 қонуни ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда таҳқиқи он идома дорад.

Бояд зикр кард, ки аз аввоили соли ҷорӣ ин дуввумин мавриди боздошти маъмурони ниҳодҳои интизомӣ барои мушорикат дар қочоқи маводи мухаддир аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала