Раиси бозори “Ином” бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ муттаҳам шуд

Раёсати умури дохилии Хатлон Бурҳон Абдуллоевро, ки бо Муҳибулло Саъдуллоев – додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар сари тақсими бозори “Ином” баҳс дошт, дар асоси 2 моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдор кардаанд.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон алайҳи Бурҳон Абдуллоев — раиси бозори "Ином", ки аз моҳи декабри соли 2014 дар боздоштгоҳи муваққатии Қӯрғонтеппа нигоҳдорӣ мешавад, бар асоси 2 моддаи Кодекси ҷиноӣ айб эълон кардааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои Абдуллоев мегӯяд, ин айбнома рӯзи ҷумъаи 13 феврал дар ҳузури ӯ қироат шудааст.

"Дар нимаи дувуми рӯзи ҷумъа муфаттиши парванда Самиев дар ҳузури мо айбномаро қироат кард. Ӯ Бурҳон Абдуллоевро бар асоси ду модда — 32, қисми 3 ва 255, қисми 2, яъне сӯиқасд ба вайрон кардани амволи шаҳрвандон бо роҳи сӯхтор айбдор донист", — гуфтааст Ёров.

Вакили дифоъ илова мекунад, ки ин айбнома баъд аз даъвои онҳо аз болои қарори Додгоҳи вилояти Хатлон, ки Абдуллоевро ба қасди сӯхтор дар бозори "Ином" муттаҳам карда, ҳукми ду моҳ боздошти ӯро содир карда буд, эълон шудааст.

"Баъд аз шикояти мо муфаттишони Раёсати умури дохилӣ дубора тафтиши комилро дар мавриди он ки оё Абдуллоев воқеан қасди ташкили сӯхтор дар бозори "Ином"-ро дошт ё на, анҷом доданд. Ҳоло хулосаи онҳо ин аст, ки гӯиё зерҳимояи мо қасди ташкили сӯхтор дар бозори "Ином"-ро доштааст", — афзудааст Ёров.

Аммо наздикони Абдуллоев ин иттиҳморо қабул надоранд ва мегӯянд, чӣ гуна соҳиби бозор метавонад дастури оташ задани моликияташро бидиҳад?

Бурҳон Абдуллоев 19 декабри соли 2014 дар назди Додгоҳи олии Тоҷикистон дар Душанбе аз сӯи маъмурони пулис боздошт ва ба Раёсати умури дохиии вилояти Хатлон интиқол ёфт.

Баҳси бозори "Ином" дар Шаҳритӯси вилояти Хатлон замоне рӯ зад, ки Санавар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев ба ҳайси молики ин бозор иддао кард, Муҳибулло Саъдуллоев — додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон қасди кашида гирифтани бозорро дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала