Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Мақомоти Тоҷикистон 15 ҳазор гектар заминро ба чиниҳо ба иҷора доданд

© Flickr / Carol Von CanonЗамини кишти пахта. Акс аз бойгонӣ
Замини кишти пахта. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати чинӣ сохтмони корхонаи нассоҷиро тақрибан анҷом дода ва дар заминҳои ҷудошуда барои тавлиди нахи панба ва колоҳои нассоҷӣ пахта парвариш мекунад.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати чинии "Чунтай Данғара-Син Сил-Текстил" дар ноҳияи Данғара 15 ҳазор гектар замин ҷудо кард, ки дар он ширкати чинӣ пахта парвариш мекунад, хабар медиҳад сойти вазорати кишварзии Тоҷикистон.

Наҳваи истифода аз замини ба ширкати чинии "Чунтай Данғара — Син Сил-Текстил" ҷудошуда дар ҷараёни дидори мудири ширкат Ден Дао Чуан бо вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосими Раҳбар матраҳ шудааст.

"Ҷонибҳо наҳваи парвариши пахта ва коркарди онро баррасӣ карданд. Ҳамчунин дар ин дидор мавзӯъи сохтмони корхонаи ҷадиди коркарди панба дар Данғара, ки сохтмонаш дар ҳоли анҷомёбӣ аст, матраҳ шуд", — омадааст дар хабар.

Вазорати кишоварзӣ таъкид мекунад, ки ин ширкат яке аз бузургтарин корхонаҳо аст ва дороиҳои он дар Пекин, Шанхай ва кишварҳои дигар мавҷуд мебошанд.

"Раҳбарияти ширкат итминон дод, ки заминҳои ба иҷора додашудаи Тоҷикистон аз сӯйи ширкати чинӣ муассир ва судманд истифода хоҳанд шуд", — зикр карданд дар вазоратхона.

Ширкати чинӣ тобистони соли гузашта аз ҳукумати Тоҷикистон ироъаи заминро тақозо карда буд ва ҳамзамон ба сохтмони корхонаи коркарди панба ва тавлиди колоҳо аз он, ки на танҳо бозори дохилиро таъмин мекунад, балки содирот низ мешавад, оғоз кард.

Иттилоъ дода мешуд, ки ин ширкат қасд дорад ба унвони сармоягузорӣ $120 миллион иттихоз дода дар Тоҷикистон 6 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис бидиҳад. Дар оянда маблағи умумии сармоягузорӣ то ба $200 миллион расонида мешавад.

Таҷҳизоти муосири нассоҷӣ (бофандагӣ) - Sputnik Тоҷикистон
Бузургтарин корхонаи насоҷии Осиёи Миёна дар Данғара бунёд мешавад

Бори нахуст заминҳои Тоҷикистон ба ширкатҳои чинӣ соли 2012 дар чорчӯби барномаи вазорати кишоварзӣ ба манзури тавсеъаи бахши кишоварзии кишвар ба иҷора дода шуданд.

Он замон 150 гектар замин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 150 гектар дар ноҳияи Ёвон ва 185 га дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба иҷораи муввақат дода шуданд.

Шароити қарордоди иҷораи заминро вазорати кишоварзӣ ифшо намекунад. Танҳо рӯшан аст, ки ин заминҳо ба муддати 49 сол ба иҷора дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала