Ҳабибуллоев сармураббии тими “Равшан” таъин шуд

© Официальный сайт ФФТМаҳмадҷон Ҳабибуллоев. Акс аз бойгонӣ
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, ки таҳти раҳбарии ӯ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳафт бор қаҳрамони Тоҷикистон ва се бор барандаи Ҷоми раиси КФО (Конфедератсияи футоли Осиё) гардидааст, сармураббии дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон – «Равшан»-и Кӯлоб - таъин шудааст.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, мураббии шинохтаи тоҷик, маъруф ба "Муаллим", сармураббии «Равшан»-и Кӯлоб таъин шуд, менависад сомонаи ФФТ.

Мутахассиси 49-солаи тоҷик Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, ки таҳти раҳбарии ӯ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳафт бор қаҳрамони Тоҷикистон ва се бор барандаи Ҷоми раиси КФО (Конфедератсияи футоли Осиё) гардидааст, сармураббии дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон —  «Равшан»-и Кӯлоб — таъин шудааст.

"Ҳабибуллоев, ки футболбозон бо эҳтиром "Муаллим" номаш мебаранд, моҳи августи соли гузашта вазифаи сармураббии дастаи «Далерон — Ӯротеппа»-и Истаравшанро ба зимма гирифта буд. Ин даста баъди анҷоми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудааст",- менависад сарчашма.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, собиқ бозигари "Равшан",  аз соли 2001 то июни соли 2013 сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода  буд. Вале баъди анҷоми давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2013 Ҳабибуллоев "ба иллати беморӣ" аз ин вазифа рафт. Баъдан ӯ сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) таъин шуд, аммо дар ин вазифа ҳамагӣ чаҳор моҳ кор кард ва пас аз нокомии мунтахаби ҷавонон дар Ҷоми Иттиҳод-2014 дар Санкт-Петербурги Русия ӯ  барканор шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, ки ба вазифаи наваш — сармураббии "Равшан"  - рӯзи шанбеи 14-уми феврал таъин шудааст, ҳамроҳи ёваронаш  — Маъруф Рустамов ва Ғайраталӣ Мираҳмадов — аллакай аз 15-уми феврал ба кор шурӯъ мекунанд.

Ба иттилои ФФТ, дастаи "Равшан", ки ду бор — солҳои 2012 ва 2013 — ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, соли гузашта ба иллати мушкили молӣ аксари бозигаронашро аз даст дод ва ҳатто қариб буд, барҳам хӯрад. Ҳоло бо омадани Музаффар Исҳоқов, собиқ раиси ширкати "Тоҷик Эйр" ба мақоми президенти "Равшан" ва даъвати мураббие варзидае, чун Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, дар дили мухлисони даста умеди наве ба эҳёи шӯҳрати қаблии тими футболи шаҳри Кӯлоб бедор шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала