Нерӯҳои ҳавоии Миср ба “ДИ” бо мушакборон посух доданд

© Sputnik / Андрей СтенинНерӯҳои ҳавоии Миср. Акс аз бойгонӣ
Нерӯҳои ҳавоии Миср. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Баъд аз дар шабакаҳои интернетӣ ба намоиш гузоштани навори қатли 21 табаъайи мисрӣ раиси ҷумҳури Миср Абдул Фаттоҳ ас-Сисӣ ба ҷангиёни “Давлати исломӣ” ваъдаи интиқом барои ин амали ваҳшатнокро дода буд.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ҷангандаҳои нерӯҳои ҳавоии Миср ба мавзеъоти террористони "ДИ" дар посух ба қатли дастҷамъонаи мисриҳои насронӣ чанд зарбаи ҳавоӣ анҷом доданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Рейтер.

Навори видеоии қатли атбоъи Миср, ки дар Либия асир афтодаанд, шоми рӯзи якшанбе дар шабакаҳои иҷтимоии марбут ба ДИ ба намоиш гузошта шуд.

Абдул Фаттоҳ ас-Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср дар муроҷиъати худ тавассути телевизион гуфт, ки Коҳира аз ҳаққи аъмоли ҷавобӣ барои қатли гаравгонон аз сӯйи ҷангиёни ДИ бархурдор аст.

Раиси ҷумҳури Миср сафари шаҳрвандонаш ба Либияро манъ кард

Вай ҳамчунин хабар дод, ки сареъан вазири корҳои хориҷӣ Самеҳ Шукриро барои ширкат дар ҳамоиши байналмиллалӣ дар робита ба террорисм ба Ню-Йорк эъзом кардааст, ки ҳамзамон бо мақомоти баландпоя ва намояндагони кишварҳои узви Шӯрои амният дидор мекунад.

"Ин амр ба манзури муваззафоти ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва иттихози иқдомоти амалӣ, ки Созишномаҳои СММ онҳоро кафолат медиҳанд ва дарки он нукта, ки ҳаводисе, ки ҳоло дар Либия рух медиҳанд, хатар барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва амният мебошанд", — гуфт раиси ҷумҳур.

Раиси ҷумҳур шоми рӯзи якшанбе ба пайвандони кушташудагон аз дасти ҷангиёни "ДИ" дар Либия изҳори тасаллият кард ва аз роҳандозии мотами ҳафтрӯза дар қаламрави кишвар хабар дод. Ҳамчунин раҳбари кишвар қарор кард, ки ҷаласаи фаврии Шӯрои дифоъи миллӣ даъват карда шавад.

Дар авохири соли гузашта ҷангиён дар шаҳри Сирти Либия гурӯҳи коргарони мисрӣ — насрониҳои коптиро ба асорат гирифтанд. Дертар мушшахас шуд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" онҳоро ба қатл расонида, вале навори видеоии ин амалро танҳо шоми якшанбе ба марази тамошо гузоштаст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала