Мақомоти ҷудоихоҳони шарқи Украина ҷонибдори бетарафии Киев ҳастанд

© Sputnik / Виктор Толочко / Гузаштан ба хазинаи аксНамояндагони ҷумҳуриҳои худмухтори Донетск ва Луганск Денис Пушилин ва Владислав Дейнего. Акс аз бойгонӣ
Намояндагони ҷумҳуриҳои худмухтори Донетск ва Луганск Денис Пушилин ва Владислав Дейнего. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ҷумҳуриҳои худмухтори Донетск ва Луганс бар ин назаранд, ки Киев бояд бетарафии худро ҳифз карда куллияи тасмимоти низомӣ ва сиёсӣ дар қиболи Донбассро лағв кунад.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Мақомоти ҷумҳуриҳои худмухтори Донетск ва Луганск талош мекунанд, ки бетарафии Украина ҳифз карда шавад, омадааст дар сойти Хабаргузории Донетск.

Денис Пушилин ва Владислав Дейнего, намояндагони ин ҷумҳуриҳо дар музокироти Минск чунин изҳори назари муштарак карданд.

"Хазидани Киев ба самти НАТО ва ё ягон созмони зиддирусии низомӣ барои мо қобили қабул нест. Дар ин сурат мо сареъан ҳамкорӣ бо Киевро қатъ ва тавофуқоти Минскро ҳеҷ мешуморем", — омадааст дар матни баёния.

Пушилин ва Дейнего ҳамчунин изҳор доштанд, ки барои лағви куллияи тасмимоти мақомоти сиёсӣ ва низомии Украина дар заминаи оғоз ва раванди амалиёти низомӣ дар Донбасс талош хоҳанд кард.

"То замоне, ки ин тасмимот ва қарорҳои шармандавор ва ҷинояткорона, ки ба марги ҳазорон нафар ва тахрибҳои сангин мунҷар шудаанд, мавриди иҷро қарор доранд, ҳеҷ яке оташбаси воқеъӣ имконпазир нест. Лағви онҳо нишони воқеъии пушаймонии раҳбарияти ҳокими Киев хоҳад буд. Авф кардан ё накардани ин аъмолро мардуми Донбасс ҳалл мекунад", — зикр шудааст дар баёния.

Дар авохири моҳи декабр раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко фармонеро дар бораи худдорӣ аз бетарафии Украинаро имзо кард. Ҳамзамон вай зикр кард, ки Киев дар панҷ-шаш соли дигар дар мавриди шомил шудан ба НАТО тасмим хоҳад гирифт.

Зарурати ҳифзи бетарафии Украинаро мукарраран Москав низ таъкид мекунад. Раҳбари ВКХ Русия Сергей Лавров қаблан гуфта буд, ки бетарафии Украина барои таъмини амният дар Аврупо зарур аст ва бозгӯи манофеъи худи халқи Украина мебошад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки дар тӯли 20 соли оянда Украина наметавонад барои узвият дар НАТО талош кунад. Раиси собиқи НАТО Андерс Фог Расмуссен қаблан изҳор дошт, ки барои шомил шудан ба НАТО Украина бояд ба чанд сатҳе бирасад, ки барои расидан ба онҳо вақти тӯлонӣ зарур аст. Ин дар ҳолест, ки НАТО кишварҳоеро, ки баҳси минтақавӣ доранд, ба суфуфаш намепазирад. Украина бошад ба Қрим, ки дар пайи ҳамапурсии моҳи марти соли 2014 ҷузъи Русия шуд, даъво дорад.

Дар музокироти Минск чӣ тавофуқе ба даст омадааст

Музокироти "чаҳоргонаи нормандӣ" 12 феврал баргузор шуд. Дар поёни ин мулоқот, ки ҳудуди 16 соат идома дошт, раҳбарони Русия, Украина, Фаронса ва Олмон дар бораи чанд иқдом, аз ҷумла оташбас аз 15 феврал, канор бурдани васоили ҷангии сангин ва таъсиси манотиқи амн тасмим гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала