Садамаи нақлиётӣ боиси марги як нафар гардид

© Пресс-служба МЧС РФ / Гузариш ба медиабонкСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилои пешакӣ, ронандаи сабукрави “Лексус” аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бар асари сониҳаи роҳ дар Душанбе як духтари 19-сола ба ҳалокат расида, ронандаи нақлиёт бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба касалхона интиқол ёфтааст, хабар медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.

Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи садамаи нақлиётии шаби 15-уми феврал иттифоқ афтода гуфт, он бо айби ронанда рух додааст.

"Худоёр Неъматови 25-сола, сокини ноҳияи Ҳисор аснои рондани нақлиёти "Лексус" ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Зарафшон ба самти кӯчаи И.Сомонии пойтахт, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби байни роҳ бармехӯрад",- омадааст дар хабари сарчашма.

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Санам Бобошарифоваи 19-сола, сокини н. Ҳисор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Лентаи хабарҳо
0