Дар қиболи гурӯҳе аз донишҷӯён дар Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба иттилои мақомоти умури дохила, ҷавононе, ки сокини ноҳияи Рӯдакиро латукӯб кардаанд, шояд донишҷӯёни донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бошанд.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Гурӯҳе аз донишҷӯёни як мактаби олии кишвар дар латукӯби сокини ноҳияи Рӯдакӣ даст доранд, иттилоъ медиҳад сойти ВКД Тоҷикистон.

"Чоршанбеи гузаштаи 11 феврал,  дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат, воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахт як гурӯҳ донишҷӯёни макотиби олӣ: Саидаминов Шаҳриёр, Забиров Фирдавс, Зарифов Сунъатулло соли таваллудашон 1996, Хоҷаев Хуршед ва Асоев Аминҷон соли таваллудашон 1994, сокинони ш.Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро муддати 15-20 дақиқа дағалона вайрон намуданд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Ба иттилои манбаъ, ин афрод  шаҳрванд Субҳон Ҳоҷизодаи 25-сола,  сокини ноҳияи Рӯдакиро лату кӯб намудаанд, ки ҷабрдида аз ин зарари ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

Лентаи хабарҳо
0