Тоҷикистону Қувайт ҷаҳонгардии байналмиллиро баррасӣ мекунанд

© Sputnik / А. Игнатов / Гузариш ба медиабонкЯке аз хиёбонҳои Ал Қувайт. Акс аз бойгонӣ
Яке аз хиёбонҳои Ал Қувайт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки баргузории чунин ҳамоиш ба тавсеаи ҳамкориҳо бо ҳамтоён аз Қувайт ва кишварҳои дигари халиҷи Форс мусоидат мекунанд.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Масоили рушди ҷаҳонгардии байналмиллалиро ширкаткунандагони ҳамоиши Тоҷикистону Қувайт, ки рӯзи душанбе дар пойтахти Тоҷикистон ба кор оғоз кард, баррасӣ мекунанд, омадааст дар хабари сойти ВКХ Тоҷикистон.

"Дар чорчӯби ин ҳамоиш баргузории мизҳои мудаввар бо ширкати коршиносон ва намояндагони бахши ҷаҳонгардии ду кишвар ва муаррифии гузориши "Ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон — имконот ва дурнамои ҳамкорӣ" сурат мегиранд", — омадааст дар хабар.

Дар ВКХ зикр карданд, ки ҳамоиши серӯза "ба ширкатҳои ҷаҳонгардии Тоҷикистон барои пайдо кардани иртиботот бо ҳамтоён аз Қувайт ва кишварҳои дигари халиҷи Форс ва иҷрои тарҳҳои муштарак барои таъсиси пешниҳодоти арсаи ҷаҳонгардӣ бо дарназардошти равандҳои муосири ҷаҳонгардии байналмиллалӣ мусоидат хоҳад кард".

Намояндаҳои Қувайт, ки барои ширкат дар ин ҳамоиш ба Душанбе омадаанд, бо фаъолияти муассисоти тафреҳиву тандурустӣ, истироҳатгоҳҳо, тиҷорат ва ресторанҳо дар Тоҷикистон ошно хоҳанд шуд.

Ин ҳамоиш бо мусоидати вазорати корҳои хориҷӣ ва Комитети умури ҷавонон. Варзиш ва ҷаҳонгардии назди ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0