Пиразани араб ҷангиёни “Давлати исломиро” сарзаниш кард

© SputnikПиразани араб ҷангиёни "Давлати исломӣ"-ро сарзаниш кард
Пиразани араб ҷангиёни Давлати исломӣ-ро сарзаниш кард - Sputnik Тоҷикистон
Як пиразани араб, ки ҷангиёни “ДИ” сарзаниш кард, баъд аз пахши навори видеоӣ дар шабакаҳои интернетӣ, ки дар он исломгароёнро дашном медиҳад,маъруф шуд.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Пиразани араб аз ҷангиёни "Давлати исломӣ", ки рустои ӯро забт карданд, интиқод карда барояшон аз Қуръон иқтибосҳои сулҳомез қироъат мекунаду мутмаъин аст, ки террористҳо лаънатзадаанд, зикр мекунад Лента.ру бо истинод ба The Daily Mirror.

Пиразани арабӣ баъд аз он чеҳраи шинохта дар интернет шуд, ки ин навори видеоӣ дар шабакаҳо пайдо шуд. Зимнан, аз ин навори видеоӣ рӯшан мешавад, ки онро худи исломгароҳо ба навор гирифтаанд.

"Шумо ҳамдигарро мисли хар қатл мекунед", — гуфт мусалмонзан.

Зикр мешавад, ки ин амал дар Сурия сурат мегирад, зеро зан исми раиси ҷумҳури кишвар Башор Асадро ном мегирад. На террористҳо ва на Башор Асад "пирӯз намешаванд", мегӯяд вай, зеро аз наҳваи шиканҷа кор мегиранд.

Ин зан аз ҷангиён даъват мекунад, ки "ба Аллоҳ" рӯй оваранд ва қатлҳои аз ҷониби онҳо сурат гирифтаро кори "ҳаром" унвон мекунад.

Ҷангиён борҳо талош мекунанд, ки аз изҳори назари вай ҷилавгирӣ кунанд ва шиоорҳои "ДИ"-ро талаффуз мекунанд: "Мо ба наздатон бо ҷанг омадаем!", вале ин амр ба зан таъсире надорад.

"Мо наслҳои комилеро то замони шумо нобуд кардаем, зеро онҳо ноҳақ буданд. Мо ба муҷримон аз рӯйи аъмолашон посух медиҳем. Аллоҳ ҳамаи моро назорат мекунад", — идома кард мусалмонзан ва изофа кард, ки онҳо ҳеч гоҳ ба ҷаннат роҳ намеёбанд.

Зикр мешавад, ки сарнавишти минбаъдаи ин пиразан рӯшан нест.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала