Ду хирсбачаро дар кӯҳҳои Помир сар доданд

Обуна шудан
Ду хирсбачаро, ки соли гузашта дар кӯҳҳои Помир ёфта буданд ва зоҳиран аз модари худ ҷудо шуда буданд, боз ба табиат сар доданд.

Навори видеоӣ дар ин бора рӯзи 14 феврал дар шабакаи YouTube гузошта шуд.

Хирсбачаҳоро созмони байналмилаллии ҳифзи паланги кӯҳӣ "Panthera", ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад, ба табиат сар дод.

Муаллифони навор мегӯянд, хирсбачаҳо моҳи октябри соли 2014 дар водии Аличӯл, дар Помири шарқӣ сар дода шуда буданд. Баландии ин мавзеъ аз сатҳи баҳр беш аз 4000 метрро ташкил медиҳад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0