Назарсанҷӣ: сарнавишти “Маҷрои ҷанубӣ"-ро бояд ҷонибҳо ҳал мекарданд

© Sputnik / Сергей ГунеевОғози сохтмони лӯлаи гази "Маҷрои ҷанубӣ"
Оғози сохтмони лӯлаи гази Маҷрои ҷанубӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тасмими ниҳоӣ дар бораи қатъи сохтмони лӯлаи гази “Маҷрои ҷанубӣ”-ро бояд кишвари ширкаткунандаи тарҳ мегирифт, гуфтаанд беш аз ними сокинони пурсидашудаи Булғористон ва Сербия.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Бештари сокинони Булғористону Сербия бар ин назаранд, ки тасмими ниҳоӣ дар мавриди сохтмони лӯлаи гази "Маҷрои ҷанубӣ"-ро бояд ширкаткунандагони ин тарҳ мегирифтанд, омадааст дар натоиҷи назарсанҷии ожонсии ICM Research барои ОБИ "Русия Имрӯз".

66% сокинони Булғористон ва 52% сокинони Сербия бар ин назаранд, ки тасмими идомаи сохтмони лӯлаи газро бояд ширкаткунандагони ин тарҳ бигиранд. Дар Австрия теъдоди чунин афрод камтар аст — 42%.

Танҳо ҳар севвумин сокини пурсидашудаи ин кишварҳо гуфтаанд, ки тасмими ниҳоиро бояд комиссияи Аврупоӣ мегирифт. Ба ибораи дигар танҳо 33% сокинони пурсидашудаи ин кишварҳо чунин назар доранд.

Тафовути бештар дар мавриди тасмимгирии ниҳоӣ дар миёни сокинони Булғористон ва Австрия мушоҳида мешавад. Дар Булғористон танҳо 23% мутмаъинанд, ки сухани охиринро бояд комиссияи Аврупоӣ мегуфт. Дар Австрия 46% сокинони пурсидашуда чунин назар доранд.
Ва 33% сокинони пурсидашудаи Сербия гуфтаанд, ки тасмими ниҳоиро бояд комиссияи Аврупоӣ мегирифт.

Ин назарсанҷиро ба ОБИ "Русия Имрӯз" ширкати ICM Research аз 12 то 30 январ дар Булғористон, Сербия ва Австрия анҷом додааст. Барои назарсанҷӣ 3000 нафар як ҳазорӣ аз ҳар як кишвар интихоб шудаанд. Интихоби сокинон аз рӯйи ҷинсият, синну сол ва ҷуғрофӣ сурат гирифтааст. Фосилаи эътимоднокӣ барои натоиҷи ин назарсанҷӣ дар маҷмӯъ дар кишвар +/- 3,1% аст, ҳарчанд меъёри эҳтимоли эътимод 95% мебошад.

© ИнфографикаЧто думают жители Болгарии, Сербии и Австрии об отмене "Южного потока". Инфографика
Что думают жители Болгарии, Сербии и Австрии об отмене Южного потока. Инфографика - Sputnik Тоҷикистон
Что думают жители Болгарии, Сербии и Австрии об отмене "Южного потока". Инфографика
Лентаи хабарҳо
0