Ронандаи сархуш се пиёдагардро дар шимоли кишвар пахш кард

© Flickr \ James PalinsadКалиди мошин. Акс аз бойгонӣ
Калиди мошин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳолати мастӣ рондани нақлиёт боиси рух додани фоҷиа ва ҳодисаҳои дигар мегардад ва ин на фақат ба сарнишин, балки ба иштирокдорони ҳаракат дар роҳ мушкил эҷод мекунад.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ронандаи 30-сола, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд се пиёдагардро пахш кард, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.

Бар асари ин сониҳаи нақлиётӣ, се сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зулайхо Каримоваи 56-сола, Хушбахт Каримови сесола ва Диловар Каримови 10-сола зери чархи "Мерседес-Бенс", таҳти идораи Собирҷон Мадаминов монданд.

"Хушбахт Каримови сесола аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд. Ду тани дигар бо захмҳои вазнин ба касалхона мунтақил шуданд",- менависад манбаъ.

Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.  

Лентаи хабарҳо
0