Тоҷикистон новобаста аз лимит содироти барқро ба хориҷа идома медиҳад

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Масъулини бахши энергетикаи кишвар содироти барқро ба хориҷа рад мекунанд, аммо маълумоти Оҷонсии омор баръакси онро бозгӯӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ширкати ҳолдингии "Барқи тоҷик" содироти барқро ба Афғонистон идома дода, тибқи маълумоти расида интиқоли ҳаррӯзаи барқ дар моҳи январ ба он сӯи Омӯ 1,8 млн кВт/соат-ро ташкил медиҳад, омадааст дар интишороти ҳармоҳаи Оҷонсии омори назди президенти ҶТ.

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон дар моҳи январ ба Афғонистон 55 млн кВт/соат барқ бо арзиши $2 миллион интиқол додааст. Моҳи январи соли 2014 бошад, ин нишондиҳанда ба 30 млн кВт/соат баробар буда, аз рақами феъли қариб ду маротиба  камтар буд.

Роҳбарияти "Барқи тоҷик" ва вазорати энергетикаи кишвар моҳи январ дар нишастҳои матбуотӣ изҳор дошта буданд, ки содироти барқ дар фасли зимистон ба Афғонистон "танҳо ба хотири ҳифзи ноқилҳои барқгузар ва дуздида нашудани онҳо" сурат мегирад.

"Мо хатти баландшиддати интиқоли барқро ба Афғонистон бояд нигоҳ дорем. Ҳоло фақат ба хотири ҳифзи онҳо тариқи хаттҳои интиқолии "Сангтӯда-Пули Хумрӣ" барқ интиқол меёбад".

Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон асосан аз барқи тавлидшуда дар неругоҳҳои обию барқии Сангтӯда-1 ва 2 тариқи хатти интиқоли 220 ва 110 кВ сурат мегирад,  

"Моҳи октябри соли 2014 дар маҷмӯъ 46,9 миллион кВт соат барқ ба Афғонистон интиқол ёфтааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли пеш 2,7 миллион кВт камтар аст. Аз ҳаҷми умумии барқи тавлидии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 4,5 дарсади он ба Афғонистон содир гардидааст",- қайд мегардид дар гузориши чор моҳи қабл.

Ба иттилои пешинаи Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи январ то октябри соли гузашта, 1 миллиарду 218 миллион кВт соат қувваи барқ бо маблағи наздик ба 40 миллион доллар содир гардидааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қабл аз рӯи ҳаҷм 40 % ва вобаста ба арзиши интиқолии барқ 32 дарсад бештар буд.

Лентаи хабарҳо
0