Бист рӯз бе раиси ҷумҳур. Ислом Каримов чи ҳол дорад?

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкИслом Каримов
Ислом Каримов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Се ҳафта аст, ки раҳбари кишвар Ислом Каримов дар назари умум пайдо намешавад, ӯро дар барномаҳои иттилоъотӣ ё қабл аз интихоботӣ нишон намедиҳанд. Дарёфти иттилоъ дар бораи вазъи саломатӣ ё маҳалли будубоши раиси ҷумҳури Ӯзбакистон ғайримумкин аст ва мушоҳидакорон танҳо ҳадс мезананд.

Корзори интихоботӣ дар авҷ аст, КМИ номзадҳои интихобтиро сабти ном мекунаду вақти намоишҳо ва чопи маводди таблиғотиро тақсим мекунад. Дар ин корзор ҳамаи номзадҳо, ба ҷуз аз раиси ҷумҳури феълӣ, ширкат мекунанд, навиштааст имрӯз хабаргузории "Фергана".

Маротибаи ахир Ислом Каримов дар назди умум 27 январ ҳузур кард. Он рӯз хадамоти матбуотии раиси ҷумҳури Ӯзбакистон хабар дод, ки президент эътимодномаи сафири ИМА Памела Спратленро қабул кард.

Аз он замон дар тӯли беш аз 20 рӯз дар бораи маҳалли будубоши вай ва вазъи саломатиаш хабари расмие паҳн нашудааст.

Аксҳои аҷиб

Вале 6 феврал талоши боҳаросе барои шикастани ин халои иттилоотӣ мушоҳида шуд. Сойти Uzdaily.uz дар бораи суханронии Каримов дар анҷумани Ҷунбиши соҳибкорон ва бозаргонони Ҳизби либерол демократии Ӯзбакистон хабар мунташир кард. Вале далоиле вуҷуд доранд, ки ин хабар воқеъият надорад.

Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ислом Каримов муҷаддадан раиси ҷумҳур шуданист

Нахуст: хабаргузориҳои дигар, ки дар бораи дар ҳузури умум пайдо шудани Ислом Каримов гузори муфассал пахш мекунанд, ин даъфа "суханронии барномавии" раиси ҷумҳурро дар анҷуманро сарфи назар карданд, иттилоъ дар ин бора ҳатто дар сойти хадамоти матбуотии раҳбари кишвар вуҷуд надорад.

Дуввум, аз таҳлили ин маводи нашршуда хулоса кардан мумкин аст, ки ҳам акси раиси ҷумҳур ва нукоти "матраҳшудаи" гузориши вай ҳеч рабте ба ин анҷуман надорад.

Аз ҷумла, дар аксе, ки гӯиё дар анҷумани ҳизб гирифта шудааст, раҳбари кишвар дар асл дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши байналмиллалии "Дар бобати захоири муҳими иҷрои барномаи озуқавории Ӯзбекистон", ки ҳанӯз 7 июни соли 2014 сурат гирифта буд, суханронӣ мекунад.

Маводи хабаре, ки дар ин гузориш ба унвони иқтибос аз "суханронӣ"-и раҳбари кишвар оварда шудааст, дар асл аз сӯйи Ислом Каримов 17 январи соли 2015 дар ҷаласаи Шӯрои вазирон, ки ба натоиҷи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар соли 2014 ва барномаи иқтисодӣ барои соли 2015 ихтисос дода шуда буд, садо дода буданд.

Чунин натиҷагирӣ ҳамчунин аз сӯйи як манбаъи "Фергана", ки ширкаткунандаи ин анҷуман буд таъйид мешавад, ки ба сурати мустаор гуфт, ки раҳбари феълии кишвар дар анҷуман аслан ширкат надошт.

Ин ҷо киро интихоб мекунанд?

Бори дигар таъкид мекунем, ки дар кишвар корзори интихоботӣ дар авҷ аст. Тибқи муқаррароти қавонин номзадҳои сабти ном шуда бояд бо интихобкунандагон мулоқот кунанд. Вале дар асл чӣ рух медиҳад?

Телевизиони маркази ва хабаргузориҳои расмӣ дар бораи суханрониҳои ҳамаи номзадҳои интихоботӣ хабар медиҳанд. Дар бораи ҳама, ба ғайр аз Ислом Каримов.

Ифтитоҳи 44 маркази раъйдиҳӣ дар хориҷи Ӯзбекистон

Дар ин робита барномаҳои шабакаи телевизонии "Ӯзбакистон" ва "Ёшлар" аз 16 феврали соли 2015 ҷолиб мебошанд.

Дар барномаҳои он шом шабакаҳои саршиноси кишвар маводди таблиғотии калонҳаҷми номзад ба раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби халқии демократӣ Ҳотамҷон Кетмоновро намоиш доданд.

Ба тамошобинон имкон дода шуд, ки суханронии комили Кетмонов дар анҷумани ҳизбаш бо барномаи пешазинтихобтиашро тамошо кунанд.
Номзад худро хеле ҷасур эҳсос мекард, ҳамон гуна ки номзад ба курсии раҳбари кишвар бояд худро эҳсос кунад. Суханронии ӯро гӯш карда тассавуре пайдо шуд, ки Кетмонов воқеъан ба курсии баландтарини кишвар талош мекунад.

Ин дар ҳолест, ки худи Кетмонов ва нафарони баъдӣ дар ин барнома боре ҳам исми раиси ҷумҳури феълиро ба забон нагирифтанд. Дар Ӯзбакистон чунин ҳодиса бесобиқа мебошад.

Дар корзори интихоботии гузашта дар соли 2007 куллияи номзадҳои рақиб борҳо аз Ислом Каримов ёдовар шуда аз ӯ барои комёбиҳо ва рушди кишвар сипосгузорӣ мекарданд ва борҳо аз гуфтаҳои падари миллат дар суханрониҳои худ иқтибос меоварданд.

Худи Каримов дар корзори интихоботии гузаштаи раёсати ҷумҳурӣ дар ҳамаи манотиқи кишвар бо интихобкунандагон мулоқот мекард ва ҳар яке аз чунин мулоқот ба сурати комил дар шабакаҳои марказии телевизион бозтоб мешуданд.

Рӯзи интихобот наздик мешавад. Раиси ҷумҳури 77 солаи Ӯзбекистон дар анҷумани ҳамҳизбонаш ширкат намекунад, барномаи пеш азинтихоботиро ироъа намекунад, бо интихобкунандагон мулоқот намекунад, ҳудуди як моҳ дар назди дурбинҳои телевизионӣ пайдо намешавад.

Ин замон дар бораи маризии сиёсатмадори солхӯрда, ки за замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар сари қудрат аст, шоеъот паҳн мешаванд.
Дар ин қазия боз як нукта ҳаст, ки ба он низ бояд тавваҷӯҳ кард. Дирӯз, 16 феврал КМИ Ӯзбакистон ҳамаи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро сабти ном кард.

Дар ин робита агар Ислом Каримов ҳамчунон дар ҳузури умум пайдо нашавад ва хабар дар бораи ба далели саломатӣ муҷаддадан интихоб нашуданаш таъйид шавад, Ҳизби либерол демократии Ӯзбакистон барои пешниҳоди номзади дигар ба курсии раиси ҷумҳур фурсати кофӣ дар ихтиёр нахоҳад дошт.

Дар ин сурат дар корзори интихоботӣ танҳо Ҳотамҷон Кетмонов, Акмал Саидов ва Наримон Умаров боқӣ мемонанд.

Бо дарназардошти ин нукта, ки суханронии барномавии асостарин "демократи халқиро" телевизиони Ӯзбакистон ба чӣ наҳва бозтоб медиҳад, эҳтимол дорад, ки маҳз Кетмонов раиси ҷумҳури минбаъдаи Ӯзбакистон мешавад.

Лентаи хабарҳо
0