Порошенко: назорати пулиси ИА роҳи беҳтарин барои шарқи Украина аст

© Sputnik / Евгений КотенкоНишасти хабарии раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко
Нишасти хабарии раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко - Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи Украина раиси ҷумҳур Петр Порошенко ҳузури нозирони пулиси ИА дар шарқи кишварро беҳтарин наҳваи нозирони байналмиллалӣ дар Украина арзёбӣ кард.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко ҳузури ҳайати пулиси ИА дар шарқи Украинаро беҳтарин наҳваи ҳузури нозирони байналмиллалӣ унвон кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Вай ахиран дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина (ШАМД) изҳор дошт, ки мавзӯъи даъвати ҳайъати нозирони сулҳхоҳ ба кишвар, ки тибқи иҷозаи Шӯрои амнияти СММ фаъолият мекунанд, ба ширкаткунандагон пешниҳод мешавад.

"Мо бар ин назарем, ки ҳайъати нозирони пулиси ИА барои мо беҳтарин шакли ҳамкорӣ аст. Мӯътақидем, ки ин беҳтарин ва судмандтарин кафолат дар вазъе мешавад, ки муқаррароти сулҳ риоят намешаванд", — гуфт вай.

Раиси ҷумҳури Белорус Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
Лукашенко: қазияи Дебалтсеваро метавонам дар як шабонарӯз ҳал кунам

Александр Турчинов, дабири ШАМД-и Украина дар навбати худ изҳор дошт, ки нерӯҳои сулҳхоҳ бояд дар масири ҳамгироии нерӯҳо ва дар манотиқи марзи Украина, ки онро Киев назорат намекунад, ҷой дода шаванд.

"Барои ҷилавгирӣ аз дасисаҳо ва аз байн бурдани шароити даъво кардани ҷониби Русия пешниҳоде ҳаст, ки ба қаламрави Украина нерӯҳои сулҳхоҳ ворид карда шаванд, ки дар масири ҳамгироии нерӯҳо ва дар манотиқи ҳифозатнашавандаи марзи миёни Украина ва Русия ҷойгир мешаванд. Ин амр имкон медиҳад, ки мавориди нақзи муқаррароти оташбас сабт ва муҳимаш ҷилавгирӣ шаванд. Ва ин амр бешубҳа шароитро барои ҳалли вазъият дар Украина фароҳам мекунад", — гуфт Турчинов баъд аз анҷоми ҷаласаи ШАМД рӯзи чаҳоршанбе.

12 феврал дар Минск гурӯҳи тамос барои ҳалли қазияи Украина аснодеро тасвиб кард, ки иқдомотеро барои иҷрои тавофуқоти Минск, аз ҷумла оташбас аз 15 феврал, канор бурдани васоили сангини ҷангӣ ва таъсиси манотиқи амнро дар назар доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала