“Истиқлол” дар сабқати Ҷоми ФФТ “Кӯктош”-ро торумор кард

© Flickr / Maud GrandjeanФутбол
Футбол - Sputnik Тоҷикистон
Бозӣ миёни тимҳои футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ дар чорчӯби сабқати Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ҳисоби бузурги 16:0 ба нафъи аввалӣ анҷом ёфт.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дастаи "Истиқлол" дар бозӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон тими "Кӯктош"-ро бо натиҷаи бузург  16:0 шикаст дод, иттилоъ медиҳад сойти ФФТ.

"Рӯзи 18 феврал дар майдони марказии ҷумҳуриявӣ аллакай аз дақиқаҳои аввали бозӣ маълум шуд, ки дастаи душанбегиҳо бартариро саоҳиб аст. Дар қисми якуми бозӣ "Истиқлол" чаҳор маротиба дарвозаи "Кӯктош"-ро рахна кард. Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи шашум ҳисобро кушода, баъдан ду голи дигарро Умедҷон Шарипов ба нишон расонд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Пас аз танаффус "Кӯктош" 12 голи дигар сар дод: бозигари ҷавони "Истиқлол" Манучеҳр Ҷалилов ба дарвозаи ҳариф дар ин қисми бозӣ шаш тӯб ворид кард.

Ба ғайр аз бозии "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар ин рӯз боз ду бозии дигар низ барои дарёфти Ҷоми ФФТ баргузор шуд. Натиҷаи онҳо чунин аст: ССКА "Помир" — "Хайр" (ҳайати ҷавонон) 2:1 ва тими мунтахабаи ҷавонони Тоҷикистон- Регар ТадАз 2:1.
Бозиҳои даври дигар рӯзи ҷумъаи 20 феврал сурат мепазиранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала